30 июл – Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ. Касби душвору пурхатар ва дар айни ҳол пур аз корнамоиву қаҳрамонӣ мебошад

Июль 30, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. 30 июли соли 1928 Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафили бехатарии мардуми кишвар аст, таъсис ёфтааст. Дар тӯли 90 сол кормандони ин сохтори таъминкунандаи бехатарӣ роҳи душвору пурхатарро тай намуда, ҳазорҳо корнамоиву қаҳрамонӣ нишон додаанд. Ҳамасола ин санаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Иди касбии кормандони мақомоти оташнишонӣ ҷашн мегиранд.

Оташнишонӣ аз зумраи камтарин касбҳоест, ки аз соҳибкасб қаҳрамониву корнамоӣ ва нотарсиву далериро талаб мекунад. Намояндагони ин касб инсонҳоеанд, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти ҷону амволи дигарон ҳаёту саломатии хешро зери хатар гузошта, бо оташ ҳамвора дар набарданд.

Имсол кормандони Хадамот рӯзи таъсис ва 90-умин солгарди онро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил менамоянд. Новобаста ба рӯзи идашон онҳо дар ҷойи кор ҳозир буда, тамоми шабонарӯз дар хизмати мардуманд. Дар арафаи таҷлили ин ҷашн хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва яке аз қисмҳои оташнишонии пойтахт дидан намуда, бо касби душвору пурхатар, вале дар айни ҳол фаъолияти пур аз корнамоиву қаҳрамониҳои назарраси оташнишонон аз наздик ошно гашт.

Тавре зимни суҳбат Сарнозири  Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Ҷамшед Ниёзов зикр намуд, рӯзи кории қисми оташнишонии №5-и ноҳияи Сино-1, шаҳри Душанбе аз соати 8-и субҳ оғоз меёбад. Дар ин вақт гурӯҳҳои корӣ навбатдории худро супорида, гурӯҳи дигар ба кор шурӯъ мекунанд. Гурӯҳи кории кормандони оташнишонӣ аз 8-10 нафар иборат мебошад. Дар ин қисми оташнишонӣ 2 гурӯҳи навбатдор ҳамарӯза ба кор ҳозиранд. «Дар маҷмӯъ кормандони мо ҳама ҷавонон буда, онҳоеанд, ки таҳсили касбӣ дидаву дар ҳолати омодагии хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар пешашон гузошташуда сарбаландона бароянд»,- зикр намуд Ҷ. Ниёзов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи зангҳоеро, ки ба рақами  «01» мерасанд, навбатдорони қисмҳо қабул мекунанд. Навбатдор баъди қабули занг муайян месозад кӣ занг зад, чӣ ҳодиса ва дар куҷо рух додааст. Шумораи зангҳои ба қисми навбатдорӣ воридшуда аз рӯзҳои истироҳатӣ, рӯзҳои ҷашнӣ ва мавсими сол вобаста аст. «Вақте хабари сар задани сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонӣ қабул ва суроғаву макони муайяни он дақиқ карда мешаванд, навбатдорони оташнишонӣ бояд дар зарфи камтарин фурсат, яъне 1 дақиқа либосҳои махсуси худро ба бар намуда, пас аз он таъҷилан ба мошини сӯхторхомӯшкунӣ нишинанд ва  ба макони сӯхтор равон шаванд.  Ҷараёни ин кор  набояд вақти зиёдро гирад. Ҳар қадар, ки нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ барвақттар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шавад, ҳамон қадар метавон ҳаёти шумораи зиёди одамон ва молу мулки онҳоро наҷот дод. Пас аз хомӯш намудани ҳодиса сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари аз он расида муайян карда мешаванд»,- изҳор дошт Ҷамшед Ниёзов.

Аксаран ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди пойтахт аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва тарзи нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезананд. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизоти сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад. Ҳамчунин, ба гуфтаи Сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Фаррух Ҳалимзода, сол то сол ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мушкилтар мегардад. Бештар шудани шумораи мошинҳо дар пойтахт, ки ба танбашавӣ дар роҳҳо оварда мерасонад, кори сӯхторхомӯшкунонро мушкил кардааст. Зеро ҳангоми қабули хабари сӯхтор аз сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо ба хотири таъҷилан ба ҷойи ҳодиса расидан маҷбур мешавем, ки баъзан қоидаҳои роҳро вайрон намоем.

Бинобар маълумоти расмӣ, то санаи 27-уми июни соли равон аз шумораи умумии сӯхторҳо 326 ҳодисаи сӯхтор танҳо аз таҷҳизоти барқию расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, 24 ҳодисаи сӯхтор аз нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти газӣ ва аз қасдан оташ задан 24 ҳодиса ба вуқӯъ пайвастаанд, ки маблағи зарар 146 ҳазору 149 сомониро ташкил медиҳад. Аксар ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, ки он 76 фисади шумораи умумии сӯхторҳоро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ниёзов, Раёсати номбурда яке аз субъектҳои асосии таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор дар пойтахти мамлакатамон ба шумор рафта, тавассути мутахассисони варзидаи худ ва техникаву таҷҳизоти муосире, ки дар ихтиёр дорад, корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунандаро ба роҳ монда, дар бозору марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои давлативу ҷамъиятӣ машғулиятҳои амалӣ мегузаронад ва  шаҳрвандонро бо қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирии  сӯхтор шинос менамояд.

Ба суоли он, ки барои ба кор қабул кардани кормандон ба Хадамоти оташнишонӣ чӣ гуна талабот мавҷуданд, ӯ ҷавоб дод, ки «номзад бояд бар замми адои хизмати ҳарбӣ дар Артиши миллӣ, инчунин дар факултаи «Бехатарӣ аз сӯхтор»-и Академияи ВКД ҶТ таҳсил карда бошад. Пас аз он ки мо номзадро ба кор қабул мекунем, ӯ инчунин тӯли 3 моҳ дар қисми оташнишонӣ такмили ихтисос намуда, дониши дар ин самт доштаашро боз ҳам мукаммалтар месозад»,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ аз буҷети шаҳр ҳамасола техникаву таҷҳизоти муосир барои кормандон харидорӣ карда мешавад, ки он кори Хадамотро осон намуда, имкони пешгириву хомӯш намудани алангаи оташро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва сари вақт таъмин намудааст. Дар 5 соли охир Раёсат ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи он дар ноҳияҳои пойтахт иловатан дорои 35 техникаи оташнишонии соҳавӣ гардиданд. Инчунин 1 адад техникаи муосири оташнишонии дорои норбони 60 метра зери тамғаи КАМАЗ АЛГ-60 барои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бо дастури бевоситаи роҳбарияти шаҳр таъмин шудааст, ки он аввалин дар ҳудуди мамлакат мебошад. Ин техника барои хомӯш намудани оташ дар биноҳои баландошёна мувофиқ аст. Дар ин баробар шумораи зиёди воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ низ харидорӣ шудааст, ки фаъолияти кормандони соҳа дар ин замина беҳтар гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 қисми мустақили ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла 2 қисм дар ноҳияи Сино, 2 қисм дар ноҳияи Шоҳмансур ва 1 қисм дар ноҳияҳои Исмоили Сомониву Фирдавсӣ фаъолият доранд, ки дар тобеи Раёсати шаҳрӣ мебошанд. Дар Раёсати мазкур 382 корманд фаъолият дорад, ки аз онҳо 115 нафарашон афсарон ва 48 нафарашон бонувон мебошанд.

Бояд гуфт, ки хадамоти оташнишонии Душанбе таърихи тӯлонӣ дорад.  Аввалин дастаи оташнишонӣ дар пойтахти Тоҷикистон 1 апрели соли 1929 дар асоси Қарори Шӯрои шаҳрии вакилону коргарон ва аскарони сурх таъсис дода шуда буд, ки аз 10 нафар сӯхторнишонҳо иборат буда, аввалин ташкилотчии он Фёдор Зайтсев маҳсуб меёбад. Он айём дастаи оташнишонӣ барои хомӯш намудани сӯхторҳо бо аробаи аспӣ мебаромад, ки бо насоси тамғаи «Ҷеленч», ду зарфи обдор ва 180 метр рӯдаи оташнишонӣ ҷиҳозонида шуда буд…

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иштирок намуд
Ҳисоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда шунида шуд
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бо иштироки масъулини соҳаи кишоварзии вилояти Суғд машварат баргузор шуд
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
«МУОИНАИ ТЕХНИКӢ». Дар 5 рӯз 1600 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт гардид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор-2024» баргузор мегардад
Доир ба нақши академик Аҳрор Мухторов дар омӯзиш ва таҳқиқи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид