«Ҳар куҷое Пешвои миллат сафар мекунанд, он ҷо хурраму пурфайз мегардад»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (12.07.2018, №137) андешаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва дотсент Субҳони Аъзамзод, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров перомуни иқдом ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли проблемаҳои хушзистӣ зери сарлавҳаи «Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои хушзистӣ» нашр шудааст. Дар мақолаи мазкур муаллифон муаммову мушкилиҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор дода, талошҳои Сарвари давлати тоҷикон барои ҳалли онро махсусан зикр мекунанд: «Президенти кишвари мо чун осебшиноси пурбину огоҳ аз равандҳои ҷории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти вазъи зист ва мушкилоти сайёраи Замин ба ин нуктаи ҳассос пай бурдаанд, ки «ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (16.07.2018, №139) мақолаи рӯзноманигори нашрия О.Вафобек «Орд. Чаро онро аз гандуми маҳаллӣ истеҳсол накунем?» нашр шуда, муаллиф таъм ва лаззати орди аз гандуми маҳаллӣ истеҳсолшударо махсус зикр карда, бо истифода аз таҳлилҳои мутахассисони соҳа пешниҳод намудааст, ки истеҳсоли гандум дар кишвар афзоиш дода шуда, орди маҳаллӣ ҳарчи бештар ба фурӯш бароварда шавад.
Инчунин дар ин шумора андешаҳои ҳуқуқшинос Ҷовид Атоев бо сарлавҳаи «ҲНИ доғи дили модарон» чоп гардидааст. Дар он муаллиф ниятҳои ғаразноку ҷиноятҳои содиркардаи аъзои ин ҳизби террористӣ – экстремистиро махсус зикр кардааст: «Ҳизби наҳзати исломӣ симои манфури худро солҳои 1989-1990, баъди пинҳонкориҳои давраи бозсозӣ ба оламиён нишон дода, яке аз коргардонҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳисоб меёфт. Роҳбарони ин ҳизб бо дарёфти маблағҳои хоҷагони хориҷии худ бо роҳи фиреб ва ҷудо намудани қисме аз маблағҳои бо роҳи муфт ба даст омада ҷавононро гумроҳ ва аз номи дини ислом бо роҳҳои гуногун ҷониби худ ҷалб менамуданд».
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (18.07.2018, №141) гузоришу мақолаҳо зери унвони «Тоҷикистон дар мубориза бо вабои аср пешгом аст», «Хатлон минтақаи хуби сайёҳӣ», «Зиракии сиёсӣ. Дар тарбияи худшиносии ҷавонон бетараф набошем» чоп шудаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (17.07.2018, №87) мусоҳибаи хабарнигори худ Абдумаҷид Муродов бо раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзодаро дар мавзӯи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» зери сарлавҳаи «Ҳифзи маълумоти шахсиро давлат кафолат медиҳад» нашр кардааст. Дар ин мусоҳиба зарурат ва моҳияти қабули қонуни мазкур шарҳ дода шуда, паҳлӯҳои гуногуни он тафсир гардидаанд.
Инчунин дар ин шумора мақолаи Муҳаммад Саидзод, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зери унвони «Рафтори салафиҳо дур аз ислом аст» нашр шудааст, ки дар он муаллиф хатари ин ҷараёни фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъро баррасӣ кардааст. «Дини мубини ислом беҳтарин посухҳои ҳуқуқиро дар радди аҳли такфир ва созмонҳои террористӣ додааст ва ниёз ба шарҳи иловагӣ надорад. Ба ҷуз аблаҳон ва тӯдаи авбошон касе арзиш ва меъёрҳои дини мубини исломро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразолуди сиёсӣ ва гурӯҳӣ истифода намебарад. Ислом мубарро аз такфир ва амалҳои хушунатбори аҳли такфир ва эҳтироми инсон назди аҳли такфир эътибор надорад».
Дар шумораи навбатии худ нашрияи «Садои мардум» (19.07.2018, №88) мақолаи Бобо-Назар Ғаффор «Омӯзиши забонҳои куҳан чӣ медиҳад? Дар зарурати таъсиси қонуни омӯзиши забонҳои куҳани иронӣ ва дигар забонҳои куҳану нави ҳиндуаврупоӣ»-ро нашр кардааст, ки дар он муаллиф ба зарурати омӯзиши забонҳои куҳан таъкид карда, муҳимияти онро шарҳ додааст.
Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (19.07.2018, №29) бо сарлавҳаи «Иқдоме, ки ба сокинон осонӣ овард» мақолаи хабарнигори ҳафтанома Малоҳат Холмуродоваро нашр кардааст, ки дар он муаллиф аз иқдоми навбатии шаҳрдори Душанбе дар самти беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти пойтахт маълумот медиҳад: «Яке аз иқдомҳои наҷиби роҳбарияти шаҳри Душанбе- ин гузаштан ба пардохти электронӣ (Citi card) дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ – автобус ва троллейбусҳо мебошад».
Ҳамчунин зери унвони «Бо фейсбук ба куҷо равонем?», «Фарогирии масоили маъюбият дар Тоҷикистон», «Варзишгардухтарони тоҷик дар Корея қаҳрамонӣ карданд», «Мабод, ки худшиносӣ завол ёбад» мақолаҳои дигар низ ба нашр расидаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (18.07.2018, №29) зери сарлавҳаи «Файзи қадами Пешвои миллат» мақолаи Таваккал Қулдошев, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Деваштичро нашр кардааст. Дар ин мақола муаллиф аз самараи сафари Сарвари давлат ба вилояти Суғд ва ободониву бунёди корхонаҳои нав дар ин вилоят ситоиш карда, зикр мекунад, ки ҳар куҷое Пешвои миллат сафар мекунанд, он ҷо хурраму пурфайз мегардад.
Ҳамчунин дар ин шумора мақолаҳои «Нарх барои 16 намуди маҳсулот минбаъд танзим мешавад», «Сафири Туркия: аз Фатҳуллоҳ Гюлен «Масеҳ» сохтаанд», «Танга ҳам пул аст»-ро мутолиа намудан мумкин аст.