«ҲАР ЯКИ МО – ТАВОНО!». Дар Душанбе Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият баргузор мегардад

Июль 16, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ  Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони маъюб, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими расмии оғози маъракаи мазкур иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Ҳамоҳангсози доимии СММ Пратибҳа Меҳта, Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва Сафири Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин маърака  шахсони маъюб ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки он барои дигаргуниҳои мусбат дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва сиёсат заминаи мусоид фароҳам оварда, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони  маъюбро таъмин мекунад.

Июль 16, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд