Ба Осорхонаи вилояти Суғд беш аз 100 адад ашёи таърихӣ ворид гардид
ХУҶАНД, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хазинаи Осорхонаи вилояти Суғд 101 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ворид гардид. Ин бозёфтҳои таърихӣ аз сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашё иборат буда, миёни онҳо нодиртаринашон ҳайкалчаи сафолӣ (терракота) аз давраи тоисломӣ, яъне асрҳои V-VIII, тағораи сафолии охири асрҳои XIX-аввали асри XX ва чароғи сиёҳ ( ҷинчароғ, сиёҳчароғ) мебошанд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», имрӯзҳо маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» дар самти ҷамъоварии нигораҳо аз аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани маъхази осорхона бо намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангӣ тадбирҳои судманд меандешад.
Бояд гуфт, ки ин тадбирҳо барои ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят роҳандозӣ мегарданд.
Дар ин радиф, аз ҷониби кормандони шуъбаи дастхатҳои осорхона барои муайян намудани навиштаҷоти ҳуруфоти форсӣ – арабӣ дар рӯйи санг, чӯб, асбобҳои рӯзгор, сафолакҳо ва сиккаҳои қадимӣ дар ин давра 20 адад тавсифоти илмии китобу дастхатҳои воридгардида низ пурра таҳия гардидаанд.
Ёдовар мешававем, ки аз оғози соли равон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 45 682 нафар тамошобинон дидан намудаанд, ки аз он 1236 нафарашон сайёҳони хориҷи дур ва 472 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд.












Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






