Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе

Июль 30, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ален Берсе барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрванди Конфедератсияи Швейтсария бар  асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.

Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед».

Июль 30, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд