БДА дар Душанбе дар як ҳафта шаш ронандаи мастро боздошт намуд

Июль 11, 2018 14:24

ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар як ҳафтаи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардиданд. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати мазкур хабар доданд, дар натиҷаи татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз 1 то 8 июли соли равон, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3301 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Аз ҷумла,  6 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат зимни идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 152 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда, 133 ҳолати истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт,  304 ҳолат аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ва дигар намудҳо  мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, гарчанде ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнин гардида бошад ҳам, вале ҳанӯз ҳам ронандагоне пайдо мешаванд, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора менамоянд.

Ин амал ҳам ба ҷони ронанда ва ҳам пиёдагардон хатари маргбор дорад.

Июль 11, 2018 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад