Дар Душанбе оид ба иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамоиш доир гардид

Июль 19, 2018 17:24

ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таҳти унвони «Иштироки ҷавонон дар рушди иқтисодӣ тариқи ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш  баргузор гардид. 

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин қариб 50 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, донорон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

 Зимни ҳамоиш намояндаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Абидов иброз дошт, ки мақсади ҷамъомади имрӯза муттаҳид намудани ҳамаи тарафҳои  манфиатдор барои  муҳокимаи  муштараки масъалаи иштироки ҷавонон дар ҷараёни рушди иқтисодии мамлакат мебошад.

Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадрасул Қурбонзода иброз дошт, ки инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ   пешбинӣ гардидааст, зеро истеҳсолоти  саноатӣ омили муҳимтарини ҳалли масъалаи ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон мебошад.

Аз ин рӯ, имконияти дигари устувори  ба шуғли арзанда фаро гирифтани ҷавонон- ин бо истифодаи  васеъ  аз технологияҳои муосир зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти молу маҳсулоти  ивазкунандаи воридот мебошад.

Бо ин мақсад дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раванди бунёд намудани минтақаҳои  саноатӣ бо мавриди истифода  қарор додани  корхонаҳои  металлургӣ, коркарди нафт, истеҳсоли семент, бофандагӣ, саноати кимиё  ва коркарди металлҳои ранга роҳандозӣ гардид, ки онҳо теъдоди ҷавонони ба шуғл фарогирифташударо дучанд афзоиш доданд.

Тавре аз раванди татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бармеояд, тайи 10 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаанд»,-гуфт М.Қурбонзода.

Июль 19, 2018 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд