Дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд-2018» беш аз 40 ширкати Ӯзбекистон иштирок мекунанд
ХУҶАНД, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» баргузор мегардад.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, ярмаркаи мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Суғд рӯи кор омада, мақсади ташкили он мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини замина барои нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.
Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, соли равон дар ярмарка иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, беш аз 40 ширкат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ дар назар аст.
Инчунин дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ва ҳамзамон қабули расмии иштирокдорони ярмарка аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар назар аст.
Бояд зикр кард, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфт, ки ин аз сатҳи баланд касб намудани он дарак медиҳад.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, иштироки беш аз 250 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ дар ярмаркаи соли гузашта буд, ки ин ҳама муваффақиятро метавон бевосита ба сиёсати дурбинонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ташкили майдони озод барои дарёфти ҳамкорони тиҷоратӣ дар арсаи минтақаи ИДМ ва ҷаҳон вобаста намуд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






