Дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд-2018» беш аз 40 ширкати Ӯзбекистон иштирок мекунанд

Июль 4, 2018 09:07

ХУҶАНД, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  6-7 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» баргузор мегардад.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода,  ярмаркаи мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Суғд рӯи кор омада, мақсади ташкили он мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини замина  барои нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.

Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, соли равон дар ярмарка иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, беш аз 40 ширкат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ дар назар аст.

Инчунин дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ва ҳамзамон қабули расмии иштирокдорони ярмарка аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфт, ки ин аз сатҳи баланд касб намудани он дарак медиҳад.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо, иштироки беш аз 250 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ, намояндагон аз 10 давлати дунё ва 23 ташкилоти байналхалқӣ дар ярмаркаи соли гузашта буд, ки ин ҳама муваффақиятро метавон бевосита ба сиёсати дурбинонаи Сарвари давлати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ташкили майдони озод барои дарёфти ҳамкорони тиҷоратӣ дар арсаи минтақаи ИДМ ва ҷаҳон вобаста намуд.

Июль 4, 2018 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд