ДАРАХТИ ДӮСТӢ ҲАМЕША БОРОВАР АСТ. Ба муносибати сафари давлатии дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Июль 18, 2018 16:49

ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аввали моҳи август, дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба ин кишвари ҳамсоя як гурӯҳи калони адабиётшиносон ва ходимони фарҳанг барои ташреҳи сиёсати дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба баҳри беҳбудии мардуми ду кишвар, ки аз ҷониби ҳукумати ҳар ду давлати дӯст амалӣ карда мешавад, сафар менамоянд. Шарҳи шореҳи адабии мо, нависанда ва публисист Мансур Суруш.

Хизмати шоистаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев дар он аст, ки ӯ бархилофи андешаҳои баъзе аз муҳаққиқони давлатҳои гуногун, ки мегӯянд шурӯъ аз асри XV, пас аз даргузашти Ҷомӣ ва Навоӣ, андешаи бадеӣ дар Осиёи Марказӣ хомӯш гардид, бо осори бунёдии худ собит намуд, ки таппиши набзи адабӣ дар Мовароуннаҳр, тавре қаблан минтақаи моро ном мебурданд, ҳеҷ гоҳ бознаистодааст. Дар натиҷа давоми асрҳои минбаъда шоҳасарҳои зиёд офарида шуданд, ки ба хазинаи  тиллоии адабиёти бадеии мо ворид гардидаанд.

Дар осмони адабиёти ин марҳила номҳои Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ аз як ҷониб, аз ҷониби дигар Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза ва дигарон аз шаҳрҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ мисли ситораи дурахшон ҷилва карданд. Метавон гуфт, ки ҳаёти адабӣ дар минтақа бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҷараён дошт. Бисёре аз шоирон ва нависандагон бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекарданд, чун ҳар ду забонро хуб балад буданд.  Ин анъанаи зеборо Алишер Навоӣ оғоз бахшид, ки Мавлоно Ҷомиро устоди маънавии худ медонист. Устод Айнӣ ин анъана – эҷоди асар бо ду забонро идома до два барҳақ ӯ якҷо бо Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аз пешоҳангҳои адабиёти навини ӯзбек дониста мешавад.

Аз ин лиҳоз онҳое, ки минбаъд дар Ӯзбекистон нависанда, адиб ва ёддоштнависони машҳур шуданд, дар қатори устодони худ номи устод Садриддин Айниро низ  зикр кардаанд. Чунин раванд табиист аст ва он аз ду ҷониб боқӣ хоҳад монд. Масалан, нависанда ва драматурги машҳури тоҷик Сотим Улуғзода ҳанӯз дар замони худ дар асари хеш бахшида ба Ҳамза навишта буд, ки «аз зумраи шоироне, ки қалби маро тасхир кардаанд, ман метавонам аз Ҳамза низ ёдовар шавам. Кӯдакӣ ва ҷавонии ман дар Ӯзбекистон сипарӣ гардид ва Ҳамза аз аввалин шахсоне буд, ки ба ман дӯст доштани мусиқӣ ва театрро омӯзонид. Номи ӯ барои ман арзишманд аст, аз ин рӯ меҳру муҳаббати ҷавонони тоҷик ба Ҳамза ва шеъру театри ӯ маро хушҳол месозад».

Фикр мекунам, ки адибони машҳури Ӯзбекистон, ба монанди Пиримқул Қодиров, Назармат Назаров, Ҳалима Худойбердиева, Зайниддин Дӯстматов, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, нисбат ба адибони мо низ ин гуна фикру андеша баён карда метавонистанд.

Агар ба панду андарзҳои Ҷомӣ ва Навоӣ назар афканем, анъанаи дӯстӣ ва ҳамкории эҷодиро баъдан дигарон низ идома додаанд. Аз  ҷумла, Айнӣ ва Ғафур Ғулом, Мирзо Турсунзода, Зулфия ва Шароф Рашидов, Ҷалол Икромӣ ва Мирзокалон Исмоилӣ, Раҳим Ҷалил ва Туроб Тӯла, Лоиқ Шералӣ ва Абдулло Орифов. Халқҳои моро дӯстӣ, анъана ва урфу одат, дин, фарҳанг ба ҳам меорад. Ин аҷобате надорад.

Дӯстии тӯли асрҳо аз санҷишҳо гузашта ва бо мурури замон обу тоб ёфтаву сахтиҳоро таҷрибакарда, муносибатҳои ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек имрӯз бо шарофати хизматҳои шоёни роҳбарони ин ду кишвар-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷилои нав касб намуда истодааст.  Маҳз бо талошу заҳматҳои ин абармардон ҳама мушкилиҳои сунъие, ки дар ин роҳ эҷод шуда буданд, аз миён бардошта шуданд. Аз ин гуна ранг гирифтани кор шодии мардумони ҳарду давлат ҳадду канор надорад.

 …Бояд гуфт, ки ба ҳайати гурӯҳи калони адабиётшиносон ва ходимони фарҳанг, ки барои ташреҳи сиёсати дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд, адибони шинохта Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, адабиётшиносони ӯзбек Сулаймон Эрматов ва дигарон дохил шудаанд. Эҷодиёти ин адибон дар Ӯзбекистон машҳур аст, ҳамон гунае, ки эҷодиёти ҳамкасбони онҳо дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд дорад.

Соли 1998, пас аз таваққуфи чандинсола, дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзҳои Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин чорабинии бузург ман низ иштирок доштам. Бо дидани чеҳраҳои хандони мардумони касбу кори гуногун, ки бо як хушҳолии беандоза тоҷикон, бахусус аҳли ҳунар ва эҷодро пешвоз мегирифтанд, бори дигар ба қавӣ будани решаҳои дӯстии ин ду миллат боварӣ пайдо менамудам. Он замон гуфтаҳои шоири сулҳпарвару дӯстпарвар Мирзо Турсунзода ба хотирам омад, ки яке аз кӯчаҳои Тошкандро ба номаш гузоштаанд:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Ин гуфтаҳо хислати миллии ду халқро баён намуда, сиёсати пешгирифтаи сарварони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро хеле хуб таҷассум менамоянд.

 

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2018 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст