ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ КУШТОРИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БАР ДӮШИ ХУД ГИРИФТ. Дар ин бора Созмони Site Intelligence Group хабар дод

Июль 31, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре Созмони Site Intelligence Group хабар дод, гурӯҳи террористии ДОИШ («Давлати исломӣ») масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро  ба ӯҳда гирифтааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии EURONEWS хабар дод.

Дар изҳороти ДОИШ гуфта мешавад, ки «гурӯҳи сарбозони хилофат» дар вилояти Хатлони Тоҷикистон «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ»-ро пахш намуда сипас бо корд 4 нафари онҳоро кушта, чор тани дигарро захмӣ кардаанд.

Созмони Site Intelligence Group, ки фаъолиятҳои созмонҳои террористиву ифротиро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки созмони террористии ДОИШ масъулияти ҳамлаи хунин дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба дӯши худ гирифтааст. Дар изҳороте, ки ДОИШ рӯзи 30 июл нашр кард, гуфта мешавад, ки «гурӯҳи сарбозони хилофат» болои «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ» бо мошин ва сипас бо корд ҳамла оварда, чор нафари онҳоро куштаанд ва чор нафари дигарро захмӣ кардаанд.

ДОИШ дар изҳороташ ба шаҳрвандони кишварҳои масеҳӣ таҳдид кардааст, ки онҳоро дар ҳар куҷои дунё бо чунин шева осеб хоҳанд расонд.

Ба ин тартиб, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара нахустин ҳамлаи террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар 8 соли охир ва нахустин ҳамлаест, ки масъулияташро ДОИШ ба ӯҳда мегирад. ДОИШ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои дунё мамнӯъ эълон шудааст.

Тавре хабар додем,  29 июл, соати тахминан 15:30 одамони номаълум дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара дар рӯбарӯи деҳаи Ёхсу мошини «Дэу Леганза»-ро болои гурӯҳи сайёҳони хориҷии велосипедсавор ронда, сипас аз мошинҳо фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд.

Сайёҳон 7 нафар – ду шаҳрванди Амрико, ду нафар аз Швейтсария, ду нафар аз Ҳолланд ва як нафар аз Фаронса – аз сафари Бадахшон тавассути Кӯлоб ба Душанбе сафар мекарданд. Дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи якшанбе ду шаҳрванди Амрико, як нафар аз Швейтсария ва як нафар аз Ҳолланд кушта шуда, як сайёҳ аз Швейтсария ва яке аз Ҳолланд ҷароҳат бардоштанд. Танҳо сайёҳи фаронсавӣ, ки аз ҳамроҳони худ ақиб монда буд, аз ин ҳамла беосеб берун шудааст.

Июль 31, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон