Хосият Муллоева: «Тоҷикон аз қадим варзишро беҳтарин воситаи солим нигоҳ доштани тану рӯҳ медонистанд»
«Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад»
Эмомалӣ РАҲМОН
ДУШАНБЕ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмониву варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолии мамлакат ба ин соҳа тадбирҳои судманд андешида, баҳри мунтазам инкишоф ёфтани он ҳамаи шароити заруриро фароҳам меорад.
Яке аз омилҳои асосии тандурустии аҳолӣ — ин ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим аст. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо духтури тарзи ҳаёти солими Маркази шаҳрии муоина ва назорати тиббии варзишгарон Хосият Муллоева ҳамсуҳбат гардид. Номбурда андешаҳояшро доир ба мавзӯи мавриди назар чунин иброз намуд:
—Дар гузашта ягон ҷашну идҳои миллии мо бе давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзиш намегузашт. Ниёгони мо чунин ақида доштанд, ҷавонмарди ҳақиқӣ, ки масъулияти нигоҳбонии марзу бум ва хонаводаашро ба уҳда дорад, ҳатман бояд ҳунарҳои варзишӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ба фарзандон аз овони хурдсолӣ ин ҳунарҳоро омӯзонанд. Ин иқдоми неки ниёгон боз аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷикон аз қадим варзишро беҳтарин воситаи солим нигоҳ доштани тану рӯҳ медонистанд.
Имрӯз моро зарур аст, ки ин иқдоми наҷибро идома дода, баҳри оммавигардонии варзиш ва ҷалби аҳолӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои мушаххас андешем.
Биёёед, ба зиндагии имрӯза назар афканем. Масалан, рӯзгори як зани хонанишинро дар шаҳр мисол биорем. Ӯ хонаро бо чангкашак тоза мекунад, либос ва зарфҳояшро тавассути дастгоҳҳо мешӯяд. Ҳатто ҳолатҳое вомехӯранд, ки онҳо хӯрок ва нонро барои аҳли оила аз тарабхонаву ошхона ва дигар нуқтаҳои савдо фармоиш медиҳанд.
Тараққиёти техника зиндагии одамонро аз як ҷиҳат осон намуда, аз тарафи дигар, он сабаби камҳаракатии онҳо гардидааст. Камҳаракатӣ ба зиёдшавии вазн ва гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим, ки машғул шудан ба варзиш як ҷузъи он аст, хеле муҳим мебошад.
Бояд зикр кард, ки варзиш дар саломатии инсон аҳамияти бузург дорад. Тавре Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, «агар солиму бардам, тавонманд будан хоҳед ва агар нахоҳед, ки ба муоинаи табибу истеъмоли дору ниёз дошта бошед, пайваста ба варзиши бадан машғул шавед».
Ҳангоми сафар ба кишварҳои мутараққии ҷаҳон мушоҳида менамоем, ки чӣ гуна одамон ҳар пагоҳирӯзӣ ба таври оммавӣ дар майдонҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба варзиш машғул мешаванд. Хусусан дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки мардумонаш умри дароз мебинанд ва ҳамеша аз синни доштаашон ҷавонтар менамоянд, ин анъана хеле ривоҷ ёфтааст. Хушбахтона, дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлат барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмон ва навсозии иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд ҷудо гардида, бунёд, таъмиру таҷдиди иншооти мазкур босуръат идома доранд.
Сол то сол дар мамлакат шароити машғул шудан ба варзиш беҳ мегардад. Бо вуҷуди ин мардум, худи шаҳрвандон дар ин ҷода фаъол нестанд ва ба варзиш ҷиддан машғул намегарданд. Мардуми мо варзишро чандон муҳим намешуморанд ва баҳри ҷалби фарзандон ба он саҳлангорӣ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки дар ин бора огоҳии кам доранд, яъне дар ин самт корҳои тарғиботӣ хуб ба роҳ монда нашудаанд.
Масалан дар шаҳри Душанбе соли 2017 зиёда аз 70 адад майдонча ва маҷмааҳои варзишӣ сохта шуда, имсол бунёди беш аз 90 адад чунин иншоот ба нақша гирифта шудааст. Ва ё ин ки дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мо имрӯз барои гузаронидани машқҳои пагоҳирӯзӣ ва умуман барои сайру гашт дар хавои тоза, рох гаштан, ки он низ яке аз намудҳои машқи бадан маҳсуб мешавад, тамоми шароит муҳайёст. Дар ин боғҳо дастгоҳҳои махсуси варзишӣ насб шудаанд, ки мардум метавонанд аз онҳо ҳангоми машқи бадан бемалол истифода баранд. Аммо тавре мушоҳида менамоем, мардум ҳанӯз ҳам дар ин кор фаъолнокӣ нишон намедиҳанд. Онҳо аз ин шароити фароҳам самаранок истифода намебаранд. Хуб мешуд, ки аҳолӣ, бахусус занҳои хонанишин, ки фурсати бештар доранд, ба ин макон бо фарзандонашон омада, ба машқи бадан машғул шаванд.
Дар пайравӣ ба шаҳри Душанбе бояд дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин иншооти варзишии замонавӣ сохта шуда, баҳри ҷалби мардум ба варзиш тадбирҳои муассир андешанд.
Боиси хушҳолист, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯз эҳсонкорон иқдоми хубе роҳандозӣ намудаанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд. Бисёр хуб мешавад, агар онҳо ин амали некро минбаъд низ ривоҷ диҳанд.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳуриро зарур аст, ки муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим таъмин намуда, барои муассир гаштани ин дарсҳо бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ усулҳои нав роҳандозӣ намоянд. Ба касе пӯшида нест, ки баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши ин фанҳоро «дуюмдараҷа» меҳисобанд. Ҳол он ки таҷриба нишон медиҳад, дар ташаккули маънавию ҷисмонии хонандагон ин фанҳо нақши муҳимтар доранд.
Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан бояд яке аз мавзӯъҳои асосии воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ гардад. Дар ин ҷода бахусус телевизионҳо нақши бузург гузошта метавонанд.
Биёед, аз шароити фароҳамоварда самаранок истифода бурда, ба варзиш, машқи бадан, ки шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст, машғул шавем, то солимии худу фарзандонро таъмин созем.
Фаромӯш набояд кард, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст!
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






