КАЛИМАИ «ГОВЯДИНА» АЗ РЕШАИ «ГОВ» АСТ? Бино ба андешаи Рустам Ваҳҳобзода, забони тоҷикӣ ва русӣ забонҳое мебошанд, ки таърихан ҳамреша ҳастанд ва ба ҳам қаробат доранд

Июль 15, 2018 08:24

ДУШАНБЕ, 15.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар гуфтугӯи мустақими  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо аҳолии минтақаҳои гуногуни  ин кишвари паҳновар, ки 7 июни соли равон  доир гардида буд, атрофи пайдоиши  калимаи «говядина» савол матраҳ гардид. Дар ин росто,  Президенти Россия   ҷиҳати тавзеҳи истилоҳи мазкур ба муовини Сарвазири Россия оид ба масъалаҳои кишоварзӣ Алексей Гордеев  муроҷиат кард, вале мавсуф иқрор намуд, ки наметавонад пайдоиши истилоҳи «говядина»-ро шарҳ диҳад...

Зикр шуд, ки дар забони русӣ бисёр калимаҳо аз забони форсӣ гирифта шудаанд, шояд ибораи «говядина» аз забони форсӣ қабул гардидааст, зеро «корова»  дар забони тоҷикӣ-форсӣ «гов» тарҷума гардидааст ва гӯшти гов (мясо коровы) «говядина».

Мавриди зикр аст, ки атрофи масъалаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу андешаҳои гуногун  ҷараён гирифтанд. Дар ин росто, вобаста ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» ба  яке аз донишмандони шинохтаи тоҷик, сармуҳаррири маҷаллаи  «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода мурҷиат кард. Олими тоҷик афзуд, ки ин ҷо ягон иқдоми махсус аз ҷониби тоҷикон сурат нагирифтааст,  ки ба хотири суиистифода ва қаробатҷӯӣ анҷом дода бошанд. Саволи мазкур аз сӯи шаҳрванди Россия ба Сарвари давлати Федератсияи Россия дода шуд, ки қаробат ва наздикии фарҳангӣ ва таърихии забони моро ошкор мекунад.

Ба андешаи Рустам Ваҳҳобзода, донистани забон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи тамоми аъзои ҷомеа  дониста мешавад ва ҳатто ин масъаларо аз президенти кишвар савол мекунанд, яъне на танҳо мутахассисон ва забондонҳо, балки  сарвари давлат ҳам доир ба ин масъала бояд иттилоъ дошта бошад. Саволи мазкур ба Президенти Федератсияи Россия як ишораи пурмаъно ва қатъӣ ба муштаракоти забони мо маҳсуб мешавад, яъне забони тоҷикӣ ва русӣ забонҳоеанд, ки таърихан ҳамреша ва хешованданд.

АМИТ «Ховар»: Калимаҳои ҳамреша дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёданд?

Рустам Ваҳҳобзода: Бале, танҳо калимаи «говядина» нест, ки  дар забони русӣ решаи тоҷикиаш бисёр барҷаста ва сареҳ равшан аст. Калимаҳои зиёди дигари русӣ ҳастанд, ки  бо забони тоҷикӣ ҳамрешагии онҳо бисёр барҷаста ва равшан зоҳир мегардад. Худи «баран» ва «баранина»-ро ҳам ба ёд биёред, ки гӯсфанд ва гӯшти гӯсфанд аст. Магар ин ба «барра» (бачаи гӯсфанд дар тоҷикӣ) метавонад бемуносибат бошад?

Агар ба ин кор махсус машғул шавем, оҳиста — оҳиста ба натиҷае мерасем, ки тақрибан калимае нест, ки бо андак таҳқиқ ва пажӯҳиш маълум нашавад, ки он бо калимаҳои забони русӣ ҳамреша аст.

АМИТ «Ховар»: Решаи калимаи «говядина» «говядо» аст»?

Рустам Ваҳҳобзода: Бале, баъди тадқиқ  кардан равшан намуданд, ки решаи ин калима, яъне «говядина» аз «говядо» гирифта шудааст.  Ибораи «говядо» дар забони куҳани русӣ ба маънои «гов» омадааст. Дар забони англисӣ ҳам «ков», хусусан  дар он калимае, ки подабонҳои қадими амрикоиро меномиданд- «ковбой», яъне говбон. Ин калимаҳо  дар забони русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, немисӣ мушобеҳ такрор мешаванд. Ҳатто калимаи «абрӯ» дар тоҷикӣ «абрӯ»,  дар русӣ «бровь», дар англисӣ «eyebrow», ба забони тоҷикӣ наздиктар  талаффуз мешавад. Калимаи «падар», «модар» ҳатто дар баъзе гӯишҳои забони тоҷикӣ ба шакли имрӯзаи англисӣ ё ин ки русӣ талаффуз мешаванд.

Ин гуна монандиҳо мушобеҳоти таърихианд, ки аз решаи муштараки забонҳои  гурӯҳи ҳиндуэронӣ ё ҳиндуаврупоӣ бармеоянд, ки ин забонҳо узви  як хонаводаи ягона иборат аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ,  франсузӣ, итолиёвӣ….  хусусан русӣ ва тоҷикӣ ҳастанд.

АМИТ «Ховар»: Оё дар кишвар ҷиҳати омӯзиш ва таҳқиқи ибораҳои ҳамреша аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик пажӯҳишҳо анҷом дода шудаанд?

Рустам Ваҳҳобзода: Дар ин кор аз ҷониби  шоир, нависанда ва  муҳаққиқи тоҷик   Муҳтарам Ҳотам пажӯҳишҳо анҷом дода шудаанд. Дар ин масъала Муҳтарам Ҳотам хеле пеш рафта, муваффақ ҳам гардидааст, зеро як силсила калимаҳоро решаёбӣ кардааст.

АМИТ «Ховар»: Муштаракоти забони тоҷикӣ бо забони русӣ дар кадом давраҳо зуҳур намудааст?

Рустам Ваҳҳобзода: Мавриди зикр аст, ки  муштаракоти забони тоҷикӣ ва русӣ дар чанд давра ба вуҷуд омадаанд. Яке аз давраи нахустин давраи забони модарии аввали ҳамаи забонҳо, ки  санскрит мегуфтанд, маҳсуб меёбад. Забони аввале, ки модари  тамоми забони гурӯҳи ҳиндуэронию ҳиндуаврупоӣ аст. Ба ин забон забони тоҷикӣ — форсӣ, русӣ, англисӣ, итолиёӣ, немисӣ, дар маҷмӯъ тамоми забонҳои муҳими ҷаҳони мутамаддин, аз ҷумла,   забонҳои кишварҳои аврупоӣ дохил мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Дар тӯли таърих забонҳои тоҷикӣ ва русӣ то чӣ андоза аз ҳамдигар ғанӣ гардидаанд?

Рустам Ваҳҳобзода: Забонҳои тоҷикию русӣ   фосилае камтар ба ин хотир доштанд, ки аз назари ҷуғрофӣ дар як маҳдудаи  наздиктар бо ҳам вуҷуд доштанд ва на танҳо дар як давраи ибтидоӣ, ки решаҳои муштараки калимаҳо ва умумияти онҳо мусоидат кард,   балки дар давраҳои баъдӣ ин забонҳо аз ҳамдигар вом гирифта, бою ғанӣ гардиданд ва ин як  амри табиӣ будааст. Масалан, ибораи «сарафан»-и русӣ аз «сарупо»-и тоҷикӣ омадааст, як пироҳани баланде,  ки аз сар то поро  мепӯшонад, ё «чемодан»- «ҷомадон», «истакан»- «дастакон», «багаж»- «бағоҷ», «базар»- «бозор» ва дигар калимаҳои ҳамреша зиёд ҳастанд.

Бояд як нуктаро зикр кард, ки солҳои охир ҳар қадар исрор мекунем, вале хабарнигорони мо аз истифодаи ибораи «ҳайвони калони шохдор»-и сохтаву аҷибу ғариб даст намекашанд. Ин ибора дар забони русӣ дар шакли  «крупный рогатый скот» истифода мегардад. Дар ин росто,  дар забони тоҷикӣ таъсирпазирии  ношоиста рух додааст. Мо чизеро, ки дар забони асл, ҳато дар забони қадими русӣ дар сурати аслиаш боқӣ  мондааст, аз таҳаввулоти баъдии сохтаю маснуии русӣ гирифта, рӯгардонӣ карда,  ба забони тоҷикӣ ибораи бисёр дағали «ҳайвони калони шохдор»   ҷорӣ кардем. Ҳол он ки онро метавон «чорвои калон» ва «чорвои хурд» гуфт.

Инро бояд ислоҳ кард…

 

Мусоҳиб
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2018 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»