Кормандони БДА дар муносибат бо сайёҳон ба хушмуомилагӣ ва рафтори намунавӣ даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи касбии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар вилоят Мансур Бухоризода ҳамаи кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилиро бо иди касбиашон табрик намуда, иброз дошт, ки «Бозрасии давлатии автомилӣ яке аз самтҳои асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кормандони он бояд ба савганди худ содиқ ва дар кори ҳаррӯзаашон фаъол буда, дар таъмини низом ва бехатарӣ дар самти ҳаракати нақлиёт аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон диҳанд».
Бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди сайёҳон меоянд. Дар робита ба ин Мансур Бухоризода ба кормандони шуъбаи БДА РВКД дар вилоят барои ба роҳ мондани фаъолияти дуруст, хушмуомилагӣ, рафтору кирдори намунавӣ, пӯшидани либоси низомӣ тавсияҳои зарурӣ дода, минбаъд ҳам барои пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон ва пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмину тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандон бо Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






