Назокат Одиназода: «Барои такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд»

Июль 24, 2018 11:24

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ҷиҳати такмилу  рушди  низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  4 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, 1 лоиҳа  пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор  ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардид. З лоиҳаи дигар дар сатҳи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои марбута  қарор доранд. Ин матлабро муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.

Н.Одиназода ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди нафақагирон то 1 июли соли равон 679 ҳазору 87  нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  23 ҳазору 272  нафар ё 3,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

«Яке аз масъалаҳои муҳим дар назди Агентӣ- гузариши пурра ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа маҳсуб меёфт. Аз 1 январи соли 2017 дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пурра мавриди амал қарор гирифта,  таъминоти нафақаҳои шаҳрвандон дар асоси санади мазкур амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар давраи ҳисоботӣ  ба 29  ҳазору 819  нафар нафақа таъйин карда шудааст. Аз ин миқдор    20 ҳазору 452 нафар нафақаҳои суғуртавӣ ва 9 ҳазору  367  нафари онҳо нафақаҳои иҷтимоӣ мегиранд»,- афзуд Н.Одиназода.

 Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр шуд, ки  тибқи қонунгузории соҳа дар ҷумҳурӣ  занон  аз 58 – солагӣ ва мардон аз 63-солагӣ ҳуқуқи ба нафақа  баромадан доранд.  Заноне, ки   5 фарзанд ва 20 сол собиқаи меҳнатӣ доранд, барои барвақттар ба нафақа баромадан имтиёз доранд. Онҳо дар асоси  талаботи мазкур  метавонанд   дар 53-солагӣ ба нафақа бароянд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамзамон таъкид  шуд, ки Агентӣ дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён  гардид, ҷиҳати таъмини  саривақтии  нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла,  аз 1 сентябри соли равон зиёд намудани андозаи нафақа, инчунин беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба нафақагирон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр  карданд, ки «бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ  ва нафақаи шаҳрвандон зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад».

Июль 24, 2018 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст