Нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи номдори «Гиме»-и Франсия ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 4.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон коршиносон аз Франсия ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон корҳои амалиро ҷиҳати интихоби нигораҳои таърихии Тоҷикистон барои Намоишгоҳи Франсия шурӯъ мекунанд. Намоишгоҳ аввали соли 2019 баргузор шуда, нигораҳо тӯли се моҳ дар шаҳри Париж ба маърази дӯстдорони таърих ва осорхонаҳо гузошта мешаванд.
Дар робита ба ин дирӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Созишнома байни Тоҷикистон ва Франсия оид ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё- «Гиме» ба имзо расид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Созишномаро дар ҳузури Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ки роҳбари баргузории намоишгоҳи мазкур аст, ба имзо расонид.
Баъди имзои созишнома Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи номдори «Гиме» иқдоми хуб буда, онро метавон муаррифи арзандаи таърихи халқи тоҷик ба ҷаҳониён арзёбӣ намуд.
Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ба имзорасии созишномаи тарафайн далели боварӣ ба ҳамкории судманд ва оғози марҳилаи амалии корҳои омодагӣ мебошад.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






