«ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ…». Мулоҳизаҳои шоир ва публисист Камол Насрулло дар арафаи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 19.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мисраҳои зерини устод Мирзо Турсунзода, ки дар рӯҳияи баланди сулҳпарвариву инсондӯстӣ суруда шудаанд, рӯшноии худро ҳаргиз гум нахоҳанд кард, зеро ҳамеша имрӯзӣ ҳастанд, ба дарди ҷомеа мехӯранд ва ормонҳои неки мардумро ифода мекунанд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Қалъа аз як пояи ҳамвор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест…
Халқҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли асрҳо дар муҳити ҳамсоягиву бародарӣ зиста, ончунон бо ҳам омехта гардидаанд, ки баъзан тафриқа гузоштан дар байни тоҷику ӯзбек хеле душвор аст.
Ин нуктаро шоири шаҳир ва инсони бузург Боқӣ Раҳимзода дар як қитъаи шеър хеле барҷаста ба қалам додааст:
Фарқи ҳама одамони олам осон,
Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин суол орад ба миён:
—Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбакӣ ё тоҷик?
Воқеан халқҳои тоҷику ӯзбек пайванди ногусастании хуниву ҷонӣ доранд. Агар як хонаро ба ду қисм ҷудо кунему аз ҳамдигар дур андозем, хона дигар хона нест; агар як китобро ду тақсим кунем, китоб дигар китоб нахоҳад буд; агар як ҷисмро ба ду қисмат ҷудо кунем, ҷисм фано меёбад; бад-ин тариқ, агар як дилро ду пора кунем, дил ҳам нобуд мешавад. Халқҳои тоҷику ӯзбекро, ки ҳамхонаву ҳамқисмату ҳамдил ҳастанд, мисли як хона, як китоб, як ҷисм, як дил наметавон аз ҳам ҷудо кард!
Дар ҳақиқат миллатҳои мо пайванди ногусастании ҷисмониву ҷонӣ доранд, ки решаҳояш ба замини таърих ва умқи асрҳо фурӯ рафтааст ва акнун наметавон онҳоро пайдо карду ҷамъ оварду аз ҳам ҷудо намуд ва ба ин ҳеҷ зарурат ҳам нест, зеро ҳамин пайванд аст, ки моро вомедорад бо ҳамдигар дар як ҷилди бародарӣ, дар як замини аҷдодӣ дӯстонаву хайрхоҳонаву бародарона бо ҳам зиндагӣ кунем. Худи ҳаёту таърих водоштааст, ки мо бо ҳам дар чунин пайванд бошем. Ва имрӯз тақозои вақт, тақозои замон, тақозои қисмат аст, ки мо «дарахти дӯстӣ биншонем» ва «коми дил ба бор орем», «ниҳоли душманӣ барканем, ки ранҷи бешумор орад». Оре, бузургони дунё, аз ҷумла, Ҳофизи лисонулғайб, ки ин суханҳо марбути ӯянд, ситоишгари дӯстӣ будаанд.
Намунаи барҷастаи дӯстии ду халқ, ки дар муносибати дӯстонаю бародаронаи ду фарзанди бузургаш таҷассум ёфтааст, дӯстии Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоист, ки бо гузашти асрҳо боз ҳам бештар ба мо сабақ медиҳад, ки танҳо дар пояи дӯстиву бародарӣ халқҳову миллатҳо метавонанд комгор ва хушбахт бошанду ба қуллаҳои баланди маънавӣ бирасанд.
Дар он боғи сарсабзу мӯҳташами дӯстие, ки Мавлоно Ҷомиву Мир Алишери Навоӣ бунёд гузоштаанл, дар асри 20 фарзандони наҷиби ин ду халқ, чеҳраҳои бузурги сиёсии замон Бобоҷон Ғафуров ва Шароф Рашидов низ дарахтони сарсабзи дӯстии худро нишондаву парвариш додаанд, ки низ самараҳои неке ба бор овардааст.
Таваҷҷуҳ кунед ба суханони самимонаи ходими машҳури сиёсии онвақтаи Ӯзбекистон Шароф Рашидов: «Дар бораи дӯстии азалии халқҳои тоҷику ӯзбек дер боз андеша мекунам. Халқҳои мо, ки дилу андешаашон ба якдигар пайванд аст, мисли дугоники ҳамхун вафодору дӯстанд, аз нур ва ҳарорати як офтоб баҳраманданд. Саҳроҳояшон аз як дарё обёрӣ мешаванд, халқҳояшон ҳамчун дӯст, ҳамхун ва бародар ҳастанд ва бо ҳам зиндагӣ мекунанд».
Дар ҷавоби ин суханҳои пурмуҳаббат ходими барҷастаи сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров чунин посух додааст: «Ташаккули халқҳои тоҷику ӯзбек, азбаски дар канори ҳам сурат гирифтааст, онҳо бо ҳамдигар алоқаи зич пайдо кардаанд. Чунончи: ӯзбекҳо аз сарвати маънавӣ ва аз дастовардҳои мадании халқи тоҷик истифода бурдаанд. Ҷиҳатҳои маданӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқҳои тоҷик ва ӯзбек чунон ба ҳам наздиканд, ки баъзан дар байни онҳо тафриқа гузоштан ғайриимкон аст».
Намояндагони барҷастаи адабиёти навини даврони Шӯравӣ низ сарояндаву тарғибгари самимонаи дӯстии халқҳои мо будаанд. Бубинед, адиби номдори кишвари ҳамсоя Ғафур Ғулом, ки бо аксари кулли адибони номдори мо робитаи бародарона дошт, дар ин хусус чӣ мегӯяд: «Дӯстии наздики ӯзбекон ва тоҷикон мисли дӯстии устодони бузург Ҷомӣ ва Навоӣ аз таҳти дил ва самимист. Боз ҳам ривоҷ додани ин дӯстӣ орзуи ҳамешагии ман аст».
Устод Мирзо Турсунзода, ки ҳамчун сарояндаи сулҳу дӯстӣ дар олам машҳур аст, гӯё ба гуфтаҳои Ғафур Ғулом посух дода, мегӯяд: «Диёри ӯзбекон, ки Ғафур Ғулом онро бо меҳру муҳаббат сутудааст, ба мо эҳсосоти баланди ватандӯстӣ мебахшад. Ӯ ин ватанро бо ҷону дил дӯст медошт. Ман дар бораи як дӯсти дигарам Абдулло Қаҳҳори забонаш мисли асал ширин фикр мекардам. Зеро калимаҳои «дӯстӣ» ва «дӯстлик» барои халқҳои тоҷику ӯзбек аз замонҳои қадим маълум ва машҳуранд».
Метавон даҳҳо ва садҳо далелу мисолҳои дигарро аз таҷрибаи дӯстии фарзандони наҷиби мо дар соҳаҳои гуногуни илму санъату ҳунар овард ва нишон дод, ки ин дӯстию бародарӣ ҳамеша ба манфиати халқҳои мо будааст.
Дар оғози таъсиси ҷумҳуриҳои бародар чӣ қадар намояндагони ин ду миллат дар бунёду созандагӣ ва ободонии кишварҳои ҳамдигар саҳм гузоштаанд. Оё метавон азхудкунии заминҳои навбунёди Ӯзбекистонро дар фатҳи даштҳои ташналаб бе ширкати бародарони тоҷик тасаввур кард? Оё бунёд ва сохтмони канали калони Фарғонаро метавон бе заҳмату фидокории бародарони ӯзбекистонӣ пеши назар овард? Оё дар бунёди фарҳангу адабиёт ва соҳаҳои мухталифи санъати замони нав фарзандони наҷиби ҳарду кишвар ба ҳамдигар саҳми мондагор надоштаанд? Метавон даҳҳо далелу садҳо номи дигарро мисол овард.
Боиси сарфарозии ман аст, ки дар замонӣ Шӯравӣ банда яке аз иштирокчиёни Рӯзҳои адабиёти советӣ дар ҷумҳуриҳои бародар, аз ҷумла, дар Молдова, Туркманистон (бо Расул Ҳодизода) ва кишвари Ставропол будам. Хушбахт будам, ки ҷавонтарин иштирокчии ин рӯзҳо аз Тоҷикистон будам, зеро одатан дар ин рӯзҳо адибони барҷаста ва номдори шӯравӣ ширкат меварзиданд. Дар сафари Ставропол бо шоири номдори ӯзбек, зиндаёд Эркин Воҳидов ҳамсафар гардидам. Шояд муҳаббати бародариву ҳамсоягӣ буд, ки мо ҳамеша бар ба бар менишастем ва суҳбатҳои самимонаи зиёде дар байни мо сурат гирифт. Банда ҳамон замон донистам, ки ин шоири номдори ӯзбек хеле эҳтиром ва муҳаббати баланд ба адабиёти классикӣ ва муосири мо дорад ва муҳаббаташ нисбат ба мардуми мо бародаронаву самимист.
Банда дар чандин фестивалҳои адибони ҷавони шӯравӣ ва Машварати умумииттифоқии ҷавонони он замон низ ширкат доштаам ва маҳсули ин ҷамъомадҳо шиносоӣ бо адибони хуби Ӯзбекистон, аз ҷумла, бо шоири хеле варзида, дӯст ва бародари арҷмандам Хуршед Даврон гардид, ки ҳосили ин шиносоӣ шеърҳоест, ки мо аз эҷодиёти ҳамдигар тарҷума ва нашр кардаем. Воқеан қавитарин алоқаҳои дӯстиро дар байни миллатҳо, чунонки далел овардем, маҳз сухан ва суханварон ба вуҷуд меоваранд. Хусусан дар пайванди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек.
Чӣ гуна метавон бе алоқаву пайванди ҳамдигар зист? Чӣ гуна метавон рафту омад надошт!? Вақте ки модар дар ин сӯву фарзанд дар он сӯяст, хоҳар дар ин сӯву додар дар он сӯ қарор дорад. Наметавон ҷудоӣ андохт дар байни падару фарзанд, модару духтар, хоҳару бародар, хешу ақрабо ва барои ин зарурат ҳам нест. Баръакс, ягонагии мо, дӯстии бегазанди мо сипари бузургест алайҳи душманон, девори мустаҳкамест барои ҳифзи марзҳои муқаддаси ватанамон, пойдории шаъну шараф ва нангу номусамон!
Халқҳои мо аз як сарчашмаву як рӯд об менӯшанд, аз як кӯча мегузаранд, дар як марз зиндагӣ мекунанд ва оқибат дар як мазор сар мегузоранд. Оё метавон дар байни онҳо тафриқа ва ҷудоӣ андохт ва магар ин бар зиёни миллатҳои мо нест?
Банда солҳои пеш дар мавзӯи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гуфта будам:
Пайванди як имонем, фарзанди мусалмонем,
Не тоҷику не ӯзбек, парвардаи як нонем!
Ду дидаи як рӯем, ду соҳили як ҷӯем,
Ду устуни як хона, ду сӯи як айвонем!
Ҳамсояву ҳамқисмат, ҳамхонаву ҳамисмат,
Омехта чун ҳастӣ дар як дилу як ҷонем!
Шаҳри ману ту як шаҳр, наҳри ману ту як наҳр,
Ҳатто ба мазоре як кулфатзада сар монем!…
Муҳаббат, бародарӣ ва ягонагии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамон пойдевор, ҳамон зербуни мустаҳкамест, ки дар рӯйи он метавон кохи мустаҳкаму боҳашамати дӯстии халқҳои моро бунёд гузошт. Кохе, ки метавонад алайҳи боду бӯронҳои замонаҳо пойдор бимонад ва халқҳои моро дар паноҳи бехатару бегазандаш нигаҳ дорад.
Дар ин замина оғози робитаҳои нави дӯстӣ бо ташаббуси сарварони ду кишвар сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва истиқболи самимонаву бародаронаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки баъд аз бисту шаш соли сардии муносибатҳо ба ҳамдигар даст дароз кардаву оғӯш боз намуданд, падидаи нишотангезест, ки ба иди дӯстии ҳалқҳои ҳарду кишвар табдил ёфт. Оғози марҳилаи нави дӯстӣ моро ба зиндагии дурахшон ва самарабахш дар канори ҳамдигар ҳидоят мекунад. Чунонки сарварони ҳарду кишвар қаноатмандона изҳор доштанд, баъд аз ин гуфтугузорҳо дар байни кишварҳои мо ягон масъала, муаммо ва мушкили ҳалли худро наёфта намондааст. Ин ҳосили сиёсати оқилонаву дурбинонаи ҳарду Сарвар аст. Ин дастоварди наҷибу хуҷастаи сиёсии ҳарду ҷониб аст.
Мувофиқаҳои дар музокирот ба дастомада дар ҳалли мушкилоту масоили ҳалталаби байни ҷонибҳо заминаҳои хуб фароҳам овардаанд, ки яке аз онҳо ҷорӣ намудани низоми рафтуомоди бераводиди ҷонибҳо ба мӯҳлати 30 рӯз аст, ки гувоҳи ҳамдигарфаҳмиву истиқболи самимона аз якдигар аст. 26 созишномае, ки баста шуд, тамоми соҳаҳои асосии ҳаёти сиёсиву фарҳангии ҷонибҳоро фаро мегиранд ва ҳадафҳои волоеро пайгирӣ менамоянд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳанд буд. Ҳунарнамоии санъаткорони ҳарду ҷониб дар барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Кохи Борбад, ки намунаи барҷаставу дурахшони ҳамдиливу дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид, гувоҳи ягонагии фарҳангу завқу табиати халқҳои ин ду кишвар мебошад. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини боз гаштани 9 марзи сарҳадии байни кишварҳоямон ҳафтае нагузашта, файзу баракати дӯстиву ҳамсоягиро аҳолии ҳарду ҷониб ба хубӣ эҳсос карданд, ки ин дар дидорбинии хешу табор, меҳмонии дӯстони дерина ва арзониву фаровонӣ дар бозорҳо мушоҳида гардид
Имрӯз ба шарофати сиёсати дӯстонаи ҳарду ҷониб ҳамарӯза садҳо нафар мардуми ҳарду кишвар ба дидорбинии ҳамдигар меоянд, ҳунармандони ҳарду ҷониб дар саҳнаҳои дӯстиву муҳаббат ҳунарнамоӣ мекунанд ва ҳамкории дигари муфиди иқтисодӣ ба амал меоянд. Натиҷаҳои нахустини ин иқдомҳои шоиста аз ояндаи дурахшони дӯстиву бародарии халқҳои бародар гувоҳӣ медиҳанд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба номи Мир Алишери Навоӣ гузоштани боғи «50-солагии ҷавонон» дар кӯчаи Беҳзод ва бунёди муҷассамаҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ дар ин боғро низ мардум бо хушӣ ва қаноатмандӣ истиқбол намуданд.
Дар одобу фарҳанги мардумии халқҳои тоҷику ӯзбек қадрдонӣ аз ҳамсояҳо, расидан ба қадри ҳамсояву посдории таомули ҳамсоягӣ мақоми махсус дорад. Зарбулмасали машҳури «Аз хеши дур ҳамсояи қадрдон беҳтар аст» низ маҳсули андешаи муштараки ҳарду миллат аст. Шоири зиндаёди тоҷик Султон Шоҳзода шеъре дорад бо унвони «Ҳамсояҳо», ки ин ҷо овардани чанд мисраи он бамаврид аст:
Токи ангуре, ки андар ҳавлии ман растааст,
Ними он бар ҳавлии ҳамсояи ман соябон.
Қурси ноне меканад чун модари ман аз танӯр,
Ними онро мебарам бар хонаи ҳамсоягон.
Ман нахоҳам кард хилват дур аз ҳамсояҳо,
Бод бо ҳамсояҳо ҳам буду ҳам нобуди ман.
Чунки рӯзи мурдани ман сӯи гӯристони деҳ,
Мебаранд ҳамсояҳо бар дӯши худ тобути ман.
Гӯиё, ки ин сатрҳоро шоири инсондӯст маҳз ба ҳамзистии осоиштаву дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек бахшида бошад, зеро ҳарф ба ҳарф ин ҳамсоягиро тавсифу таҷассуми нек бахшидааст. Асрҳост, ки миллати тоҷику ӯзбек дар чунин ҳамсоягӣ ва қадрдонӣ умр ба сар мебаранд. Ва ин фарҳанг, фарҳанги ҳамсоядорӣ беҳтарин намунаи фарҳанги мардуми хирадпешаву башардӯсти кишварҳои мост ва мо ин фарҳанг ва ин суннати неки гузаштагогни худро бо арҷгузорӣ ба он пос хоҳем дошт.
Инак, дарахти дӯстие, ки гузаштагони дурандеши мо нишонда буданд, бо ташаббуси ду Сарвари хирадпеша ин баҳорон сарсабзу шукуфон гардид. Мо аминем, ки меваҳои ин дарахти ҳамешасабз дар оянда комҳоро ширин ва ҳоҷатҳоро раво хоҳанд дошт.
Ду саҳфаи як китоб тоҷик — ӯзбек!
Парвардаи як савоб тоҷик — ӯзбек!
Он кист, ду ҷисме, ки ба як ҷон пайваст?
Гӯям ба ту ман ҷавоб: тоҷик — ӯзбек.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,
ходими адабии АМИТ «Ховар»