Роҳбарияти вазоратҳои адлия, нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Палатаи савдо ва саноат ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 июли соли 2018 оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Вазорати адлия, Вазорати нақлиёт (якҷоя бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»), Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Палатаи савдо ва саноат, Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Саридораи геология соати 9 дар бинои Саридораи геология, нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 09:30 дар бинои Палатаи савдо ва саноат, нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11 дар бинои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нишасти матбуотии Вазорати адлия соати 14 дар толори ММҶ «Ховар», нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт (якҷоя бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон») соати 14 дар бинои Вазорати мазкур гузаронида мешавад.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 888-08-34-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






