«САРИ МОРРО БОЯД БО САНГ КӮФТ!». Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ

Июль 31, 2018 13:28

ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амали аҳримании гурӯҳи хоинони ватанро, ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ раво дидан, маҳкум карда, ба мардуми кишвар муроҷиат кардааст, ки «доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ бохабар буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, шабу рӯз бар зидди муаллифони рӯйдодҳои нохуш, нороҳаткунандагони зиндагии бофароғати шаҳрвандони кишвар яктану якҷон хеста, ҳама гуна туҳмату амали иғвогаронаи онҳоро маҳкум созем. Тавре мегӯянд: «Сари морро бояд бо санг кӯфт».

Дар ин бора дар муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ омадааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Ҳаммаслакону хайрхоҳон, кулли мардуми сарбаланди Ватани азиз! Ҳеҷ чиз бе асосу замина рӯйи кор намеояд. Баъди 8 соли охир дар кишвари барои ҷаҳониён тинҷу осуда рух додани ҷинояти азим аз тарафи бадхоҳони халқу миллат худ як  намуна  аз амали террористист, ки онро сари вақт бояд хомӯшу офарандагони манфурашро  сазовори ҷазои муносиб  гардонид.

Яқин буд ва баъдан собит ҳам шуд, ки масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро гурӯҳи террористии ДОИШ («Давлати исломӣ») ба уҳда гирифт. Дар изҳороти гурӯҳи террористии ДОИШ садо додани ибораи ғажди «гурӯҳи сарбозони хилофат» ва зикри «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ» бори дигар аз фитрати пасту амали ноҷавонмардона ва сирати аҳримании хоинони миллат берун аз кишвар далолат медиҳад.

Ҳамватанони азиз, мақоле аст: «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Ҳеҷ як гурӯҳ, ҳеҷ як ҳизби бадхоҳ, нафари бе Худову кӯри нону намаки Ватан, мункири шири сафеди модар қудрат надорад, ки ба шаъну шарафи ҷаҳонии бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохилу хориҷи кишвар халал ворид намояд.

Мо, аъзои ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон- Тоҷикистонро даъват мекунем, доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ бохабар буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, шабу рӯз бар зидди муаллифони рӯйдодҳои нохуш, нороҳаткунандагони зиндагии бофароғати шаҳрвандони кишвар яктану якҷон хеста, ҳама гуна туҳмату амали иғвогаронаи онҳоро маҳкум созем, ки гуфтаанд: «Сари морро бояд бо санг кӯфт».

Роҳи беҳтарин ва дурустарини мо дар ҳамаи ҳолатҳо дар атрофи Пешвои миллат бо имони поку садоқати бузург ба Ватани биҳиштосо — Тоҷикистони азиз муттаҳиду якдил ва якмаром будан аст. Дар муттаҳидии мо душман ҳама вақт нокому мағлуб мегардад.

Июль 31, 2018 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус