«САРИ МОРРО БОЯД БО САНГ КӮФТ!». Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амали аҳримании гурӯҳи хоинони ватанро, ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ раво дидан, маҳкум карда, ба мардуми кишвар муроҷиат кардааст, ки «доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ бохабар буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, шабу рӯз бар зидди муаллифони рӯйдодҳои нохуш, нороҳаткунандагони зиндагии бофароғати шаҳрвандони кишвар яктану якҷон хеста, ҳама гуна туҳмату амали иғвогаронаи онҳоро маҳкум созем. Тавре мегӯянд: «Сари морро бояд бо санг кӯфт».
Дар ин бора дар муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ омадааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
Ҳаммаслакону хайрхоҳон, кулли мардуми сарбаланди Ватани азиз! Ҳеҷ чиз бе асосу замина рӯйи кор намеояд. Баъди 8 соли охир дар кишвари барои ҷаҳониён тинҷу осуда рух додани ҷинояти азим аз тарафи бадхоҳони халқу миллат худ як намуна аз амали террористист, ки онро сари вақт бояд хомӯшу офарандагони манфурашро сазовори ҷазои муносиб гардонид.
Яқин буд ва баъдан собит ҳам шуд, ки масъулияти куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро гурӯҳи террористии ДОИШ («Давлати исломӣ») ба уҳда гирифт. Дар изҳороти гурӯҳи террористии ДОИШ садо додани ибораи ғажди «гурӯҳи сарбозони хилофат» ва зикри «шаҳрвандони кишварҳои узви эътилофи салибӣ» бори дигар аз фитрати пасту амали ноҷавонмардона ва сирати аҳримании хоинони миллат берун аз кишвар далолат медиҳад.
Ҳамватанони азиз, мақоле аст: «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Ҳеҷ як гурӯҳ, ҳеҷ як ҳизби бадхоҳ, нафари бе Худову кӯри нону намаки Ватан, мункири шири сафеди модар қудрат надорад, ки ба шаъну шарафи ҷаҳонии бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохилу хориҷи кишвар халал ворид намояд.
Мо, аъзои ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тамоми шаҳрвандони Ватани азизамон- Тоҷикистонро даъват мекунем, доимо аз таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳонӣ бохабар буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, шабу рӯз бар зидди муаллифони рӯйдодҳои нохуш, нороҳаткунандагони зиндагии бофароғати шаҳрвандони кишвар яктану якҷон хеста, ҳама гуна туҳмату амали иғвогаронаи онҳоро маҳкум созем, ки гуфтаанд: «Сари морро бояд бо санг кӯфт».
Роҳи беҳтарин ва дурустарини мо дар ҳамаи ҳолатҳо дар атрофи Пешвои миллат бо имони поку садоқати бузург ба Ватани биҳиштосо — Тоҷикистони азиз муттаҳиду якдил ва якмаром будан аст. Дар муттаҳидии мо душман ҳама вақт нокому мағлуб мегардад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






