Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2-и Неругоҳи барқи обии «Роғун»
ДУШАНБЕ, 26.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ — 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахассисон идома дорад.
Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром идома дошта, тибқи нақша, ҳаҷми умумии корҳое, ки дар ин қитъа бояд анҷом ёбанд, 36 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки то ба имрӯз 15 ҳазор метри мукааб аз ҳаҷми умумии корҳо ба сомон расонида шудааст.
Тавре маълум гашт, дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 корҳои анҷомёфтаи нақбканӣ зиёда аз 10 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, ҳамчунин 3 ҳазор тонна арматур дар қисматҳои сохтмонӣ банду баст гардидаанд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати гузариши нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома доранд.
Барои сари вақт таъмиру тармим намудани нақби СТ-2 шахтаи таъмирии амудӣ бунёд карда шудааст ва сохтмони ҳамин гуна иншоот дар нақби сохтмонии СТ-1 низ идома дорад.
Тибқи лоиҳа, қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 то оғози фаъолияти нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун пурра анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Сарвари давлат ҳамчунин аз ҷараёни омодагии бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ боздид намуда, бо ҷараёни иҷрои корҳо ва гузаронидани селобаи эҳтимолии 2018 аз наздик шинос шуданд.
Дар ин иншоот корҳои нақбканӣ ба анҷом расида, дар қисматҳои алоҳида корҳои бетонхобонӣ идома дорад. Чор адад дарвозаи таъмирию садамавӣ, ки ҳар кадоме зиёда аз 263 тонна вазн доранд, насб шудаанд. Тамоми таҷҳизот ва қисматҳои иловагии дарвозаҳо омодаи кор буда, он аз ҷониби ширкати «Трест — гидромантаж» — и Россия дастрасу васл гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки насби гидроприводҳо дар ин иншоот пурра сомон ёфта, дарвозаҳои таъмирию садамавӣ бо низоми автоматикӣ омодаи коранд.
Ҳамчунин дар бинои таҷҳизоти гидромеханикӣ ду крани пулшакл, ки ҳар кадоме иқтидори бардошти 80 тонна борро доранд, васлу насб шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ дар нақби сохтмонии СТ-3 ҷойгир буда, дар қисматҳои алоҳидаи ин нақб корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин нақб корҳои нақбкании асосӣ пурра анҷом ёфта, кандани нақбҳои ёрирасон идома дорад. Моҳона ҳаҷми миёнаи истифодаи оҳанфулузот, аз ҷумла, варақаҳои оҳании дар ин иншоот васлу насбгардида 216 тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда аз оғози корҳои сохтмонии нақби мазкур дар маҷмӯъ ба 9074 тонна расидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои саривақтиву босифати корҳо даъват намуда, ба масъулин ҷиҳати назорати сифати сохтмон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






