«ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИК» – ШИНОСНОМАИ САНОАТИ МАМЛАКАТ. Ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи металлургия бахшида мешавад

Июль 15, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 15.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 апрели соли 2000 дар мулоқот бо аҳли заҳмати  Заводи алюминийи Тоҷикистон  ин корхонаи азими мамлакатро «шиносномаи Тоҷикистон» номида, гуфта буданд, ки он аҳамияти корхонаи азими саноатиро дар миқёси давлатӣ ниҳоят дақиқ инъикос менамояд. Заводи алюминийи Тоҷикистон яке аз корхонаҳои ниҳоят қудратманди кишвар буда, дар ҷараёни рушду пешрафти худ моҳи июли соли 2007 соҳиби мақоми нави истеҳсолии ҷавобгӯйи талаботи муосир – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) гардид.

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл, ки имсол ба 15 июл рост меояд,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи   кормандони  металлургия ҷашн гирифта мешавад. Баҳри бо фаъолияти кормандони ин касби душвор ва дар айни ҳол хеле пурмасъул аз наздик шинос шудан  мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН ва суратгир Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО)  рафтанд.

Ба гуфтаи сармутахассиси Раёсати мошинсозии саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбой Зокиров,  оғози металлургияи тоҷик аз солҳои 1975 бо ба кор даромадани қисмати якуми корхонаи истеҳсолии «Алюминийи Тоҷик» сарчашма мегирад.

«Зиёда аз 43 сол мешавад, ки ин корхона ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти миллии тоҷик фаъолият намуда, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз корхонаҳоест, ки бо иқтидори баландтарин фаъолият намудааст. Аз ҷумла, иқтидори максималии корхонаи мазкур хеле барҷаста мебошад, барои мисол соли 2007 зиёда аз 420 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда, ба фурӯш баровардааст, ки ин дастоварди хуби соҳа мебошад»,-зикр намуд К.Зокиров.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кишвар ва тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ байни ширкатҳои таҳвилдиҳандаи ашёи хом, ки асосан аз хориҷи кишвар мебошанд, ҳаҷми истеҳсоли алюминий ба тадриҷ коҳиш ёфт.  «Бо вуҷуди он ки дар баъзе давлатҳо чунин корхонаҳо ҳангоми таъсири буҳрони иқтисодии солҳои охир аз фаъолият бозмонданд, ширкати «Алюминийи Тоҷик» тавонист бо истифода аз намуди коркарди ашёи фармоишгар шартномаҳо ба тасвиб расонида, то ба имрӯз фаъолият намояд. Ҳамин намуди фаъолият буд, ки корхона маҳсулоти алюминиро истеҳсол ва ба фурӯш мегузорад. Дар шаш моҳи соли равон корхона зиёда аз 46 ҳазору 600 тонна алюминии аввалия истеҳсол намуд, ки қариб баробари соли гузашта мебошад»,-афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки 31 марти соли 1975  дар Заводи алюминийи Тоҷикистон аввалин сабиқаи алюминӣ рехта шуд, ки муждарасони оғози фаъолияти меҳнатии корхонаи азими саноатии кишвар мебошад. Иқтидори лоиҳавии корхона  соле дар баробари истеҳсоли 360 ҳазор тонна аноди пухта 517 ҳазор  тонна алюминий мебошад. Корхона дорои 12 иморати сехи электролиз, ду шуъбаи рехтагарӣ, истеҳсолоти анодҳои пухтаи иборат аз се коргоҳ, коргоҳҳои ёрирасон ва бахшҳои дигар мебошад.

Ба гуфтаи ёрдамчии директори генералии Ширкати «Алюминийи Тоҷик» Рустам Холов, Корхонаи Воҳиди Давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО) ширкати азимтарини саноатии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки на танҳо ба нишондиҳандаҳои истеҳсолию молиявӣ ноил гардад, балки дар рушду шукуфоии кишвар, беҳбуд бахшидани рӯзгори кормандони худ, аҳолии маҳалли ҷойгиршавии корхона ва ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

«Дар ТАЛКО бар он боваранд, ки ба туфайли сиёсати иҷтимоии мутавозию самарабахш хавфу хатарҳои соҳибкорӣ коҳиш дода, рақобатпазирии ширкат мустаҳкам, самаранокии фаъолияти ҳайати кормандон беҳ шуда, қонунписандии комили ҳам шарикон ва ҳам истеъмолкунандагон ба даст меояд ва муҳим он аст, ки шӯҳрати тиҷорат- ҷомеа дар маҷмӯъ баланд бардошта мешавад»,-мегӯяд ӯ.

Ҳангоми аз наздик бо ин корхона шинос шудан бузургии беканори ҳудуди он маълум  мегардад. Ба иттилои масъулин, ҳудуди корхона 340 гектарро ташкил дода, айни замон дар он 7,5 ҳазор кормандон дар 3 баст фаъолият мебаранд, ки дар миёни онҳо 1512 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи мутахассиси ин коргоҳ Холназар Саидов, онҳо тамоми кӯшишҳояшонро ба харҷ медиҳанд, то истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро зиёд ба роҳ монанд. Ӯ мегӯяд, ки таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ буд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда рӯ овардем.

 

Зимни ошноӣ бо ҷараёни кор дар ин корхона мо аз коргоҳи истеҳсоли электролиз дидан кардем, ки навобаста аз ҳарорати баланд дар назди тафдонҳои бузурге, ки алюминии аввала аз он ба даст оварда мешавад, кормандон бо як маҳорати баланд корро анҷом медоданд. Барои мо дар ин гуна муҳити гарму тафсон  будан хеле душвор буд, аммо мо тавонистем мушкилии кори онҳо ва фаъолияту масъулиятпазир будани кормандони ин корхонаи азими ҷумҳуриро дарк намоем.  «Маҳз меҳр нисбат ба касб ва гиромӣ доштани он буд, ки тӯли 26 соли фаъолият дар ин корхона ва иҷрои вазифаҳои гуногун имрӯз душвории кор ба чашм намерасад. Ман наметавонам гӯям, ки кор осон аст, зеро ҳама гуна кор ба худ мушкилии хос дорад, аммо навобаста ба мушкилӣ доштани коллективи хуб ва шавқи беандоза ба касб ҷидду ҷаҳди моро барои пешравӣ дучанд мегардонад,»-мегӯяд Х. Саидов.

Ширкати Алюминийи Тоҷик бо ширкатҳои машҳури ҷаҳон, чун «Hydro Aluminium» (корпоратсии фаръии Norsk Hydro)- и Норвегия, «Talco Management Limited» (Ҷазираи Вирҷинаи Бритониё), «Noble Resources Limited» (Гонконг), «Glencore International AG» (Швейтсария), «Alaska Metals AG»-и Швейтсария ҳамкорӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, низоми менеҷменти сифат- ISO-9001: 2008-ро ҷорӣ намуд. Ин ягона ширкати ҷумҳурӣ аст, ки сертификат гирифта, аз рӯи низоми мазкур амал менамояд. Қарори ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» додани сертификати мазкур аз рӯи натиҷаҳои аудит, ки ширкати «SGS» баргузор намуд, қабул карда шуд.

Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои бонуфузи ин соҳа ба шумор рафта, дар тамоми ҷаҳон беш аз сад ҳазор аудит гузаронидааст. Моҳи марти соли 2010 ва июли соли 2013 тибқи натиҷаҳои аудити назоратии аз ҷониби «SGS»  баргузоргардида ба мутобиқати стандарти байналмилилалии ISO-9001:2008 (СМК)  «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  таъйиди сертификати сифатро соҳиб гардид. Мавҷуд будани сертификат яке аз талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат буда, шаҳодати ба сафи ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дохил шудани Корхонаи алюминийи тоҷик аст. Он ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имкон дод, ки маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ бомуваффақият ба рақобат гузорад.

Дар корхона коргарони ҷавон меҳнат мекунанд, ки ояндаи ширкатро муайян менамоянд. Бинобар ин дар ин ҷо диққати махсус ба кор бо ҷавонон дода мешавад, дар истеҳсолот мутахассисони ҷавон ба мутахассисони ботаҷриба вобаста карда шуда, барои рушди касбӣ ва шахсии онҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар корхона донишкадаи мураббигӣ амал менамояд, ки ба такмил додани тахассуси касбӣ ва ба вазифаҳо таъйин намудани ҳама категорияи кормандон низоми таълими дохиликорхонаӣ ва берунӣ мусоидат менамояд. Ва ба гуфтаи масъулин, муваффақият дар кори даставӣ мебошад, ки меҳнати ҳар нафар қадр карда мешавад.

Раиси Шӯрои занони Корхонаи «Алюминийи Тоҷик» Шарифамоҳ Аламзод, ки тӯли 35 сол дар ин коргоҳ фаъолият дорад, бар он назар аст, ки дар миёни кормандон шумораи занҳо низ кам нестанд. «Навобаста ба душворӣ ва масъулиятнокии ин касб 1512 нафар занон баробари мардон заҳмат мекашанд. Бонувони мо хушнуд аз он ҳастанд, ки дар ин корхонаи азими саноатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи хешро дар ободии ҳар порча замини ватани биҳиштосои хеш мегузоранд. Маҳз ин масъулияти ватандории бонувон аст, ки онҳо ҳамеша, новобаста аз мушкилиҳо сарбаландона аз уҳдаи кор баромада, дар ин корхонаи азим заҳмат мекашанд»,-афзуд Ш.Аламзод.

Ба гуфтаи сармутахассиси Раёсати мошинсозии саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбой Зокиров, Ширкати «Алюмиинийи тоҷик», Корхонаи Фаръии Давлатии «Алюминсохтмон», ҶДММ «Ноқили Талко», Корхонаи дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Турсунзода», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Реал» бо маҳсулоти худ дар баланд бардоштани иқтидори саноатии ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. «Он қисмҳо ва таҷҳизоте, ки барои дастгоҳҳо пештар аз хориҷи кишвар харидорӣ мешуданд, ҳоло дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда мешаванд. Корхонаҳои  ватанӣ алюминийи аввалияро коркард намуда, маҳсулот, ба монанди профилҳои алюминӣ, ноқилҳои гуногуни алюминӣ, шкифҳои металлӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро истеҳсол карда, ба бозори дохил ва хориҷ пешниҳод менамоянд»,-мегӯяд ӯ.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, дар ин самт хусусан фаъолияти ҶДММ «Ноқили Талко» хеле назаррас аст, ки зиёда аз 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолӣ дорад. Инчунин яке аз корхонаҳои муштараке, ки дар вилояти Суғд дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мебарад, ин «Тоҷпроф»-и Хуҷанд  мебошад, ки профилҳои алюминии рӯйпушкардашударо  бо андозаҳои гуногун истеҳсол намуда, сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро батадриҷ зиёд менамояд. Ин корхона аллакай маҳсулоти хешро ба Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот мекунад.

«Мо ҳамеша кӯшиш  менамоем, ки истеҳсоли он маҳсулотеро ба роҳ монем, ки бо такя ба ашёи хоми ватанӣ бошаду аз нигоҳи нарх дар бозори дохилӣ рақобат карда, маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридшавандаро иваз карда тавонад»,-гуфт К.Зокиров.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2025» амал менамояд, ки бо қабул гардидани он бояд коркарди комплексии металлҳои ранга, сиёҳ ва нодире, ки дар ҷумҳурӣ истихроҷ карда мешаванд, то ба коркарди ниҳоӣ расонида шавад.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «ХОВАР»

Июль 15, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд