СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Дар шаҳри Ҳисор бар зидди ВНМО мубориза мебаранд

Июль 31, 2018 09:45

 ҲИСОР, 31.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  қоидаҳои гузаронидани  муоинаи тиббии  ҳатмии шахсони никоҳшаванда» соли равон дар Маркази саломатии  шаҳри Ҳисор 2113 нафар шахсони никоҳшаванда  ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷаи ташхиси тиббӣ  як нафар бо гирифтории  ВНМО, ду нафар бо бемории сил ва як нафар бо бемории гепатит муайян карда шуд. Дар ин бора  муовини директори Маркази саломатии шаҳри Ҳисор Абдусалом Носиров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти номбурда, барои  баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии аҳолӣ баҳри пешгирии ВНМО Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази солимии репродуктивӣ дар байни аҳолӣ  дар асоси нақшаи таҳиягардида  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон тибқи иттилои директори  Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор  Саттор Ҷабборов, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст.

Зикр гардид, ки имсол  дар Марказ 8798 нафар сокинонон аз ташхис гузаштанд, ки дар натиҷа ҳодисаи нави сироятёбии 24 нафар ба ВНМО ба қайд гирифта шуд. Аз соли 2005 то соли 2018 дар шаҳри Ҳисор 335 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 90 нафар фавтидаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон  кӯдакони то синни шонздаҳсола 33 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо  бо доруҳои зиддиретровирусӣ ва кумакпулиҳо  таъмин мебошанд.

Июль 31, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад