Толиб Раҳматуллоев: «Бояд филмҳое ба навор гирифта шаванд, ки нигоҳдорандаи шаъну шарафи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бошанд»

Июль 8, 2018 10:11

ДУШАНБЕ, 08.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар сомонаҳо хабаре нашр шуд, ки гӯё дар Тоҷикистон минбаъд ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе иҷозати «Тоҷикфилм» филм ба навор бигирад.

«Дастур ё фармоиши махсусе равон нагардидааст, ки дар мамлакат бе иҷозати «Тоҷикфилм» ба навор гирифтани филм манъ карда шавад»,-гуфт муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар». Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки солҳои охир дар шабакаи Интернет ва дӯконҳои фиттафурӯшӣ филмҳои «ғайрикасбӣ» зиёд гардидаанд.

Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт: «Соли  2017 бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Киностудияи «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъсис дода шуд. Дар ин замина оинномаи он низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар оинномаи мазкур, аз ҷумла, омадааст, ки «Тоҷикфилм» минбаъд тамоми корҳои филмбардориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати худ қарор медиҳад».

Солҳои охир филмбардорӣ дар Тоҷикистон ба сатҳи талаботе, ки тамошобинон доранд, ҷавобгӯй нест. Дар ин замина Толиб Раҳматуллоев зикр намуд, ки «имрӯз филмҳое пайдо шудаанд, ки аз ҷониби филмбардорони   ғайриҳирфаӣ ба навор гирифта мешаванд. Ҳамаи ин филмҳо дар шабакаи Интернет ҷойгир карда мешаванд, ки ин ба паст задани шаъну шарафи миллати мо сабаб мегардад. Мо ҳайати мушовара дорем, ки онҳо филмномаҳои ба «Тоҷикфилм» пешниҳодшударо меомӯзанд ва агар он мувофиқи талаботи замон бошад, барои ба наворгириаш  иҷозат медиҳанд».

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки «мо фақат мекӯшем, ки дар мамлакат филмҳои баланд ва мувофиқ ба завқи тамошобин офарида шаванд. Мақсади мо сензура кардан нест ва бояд филме ба навор гирифта шавад, ки нигоҳдорандаи шаъну шарафи миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик бошад».

Қобили зикр аст, ки  се сол пеш, соли 2015 Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: «Кинои  тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа як зумра барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии соҳа «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015» қабул гардидаанд. Дар ин давра як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла, навсозии заминаи моддию техникии «Тоҷикфилм» анҷом ёфт. Моҳе қабл аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардид.

Тавре Толиб Раҳматуллоев иброз дошт, барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад. Асоси ин барномаро истеҳсоли кинои ватанӣ ташкил медиҳад.

«Дар натиҷаи татбиқи он дар назар аст, ки 10 филми ҳунарӣ барои кинофестивалҳои байналмилалӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад вобаста ба сохтмонҳои аср ва шахсиятҳои маъруф, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 8 филми аниматсионӣ, 5 силсилафилми аниматсионӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишӣ аз ҷониби Мактаби кинематографистони ҷавон офарида шуда, 25 филм тарҷума ва дубляж карда шаванд»,-гуфт ҳамсуҳбат.

Зимнан  солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи  нав ворид гардида, истеҳсол  ва мазмуну мундариҷаи филмҳо андаке беҳтар гардид. Филмҳои  «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед», «Хоби ҳамдуна»  ва «Муаллим» ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардиданд.

Толиб Раҳматуллоев иброз дошт, ки  «Тоҷикфилм» ҳеҷ гоҳ ба навор гирифтани филмҳоро аз ҷониби студияҳои дигар манъ накардааст ва намекунад. «Мо ҳамеша омодаем филмномаҳои пешниҳодгардидаро омӯхта, бе мамониат ба онҳо иҷозат диҳем. Зеро мақсади ягонаи мо мутобиқ ба завқи тамошобин ба навор гирифтани филмҳо мебошад»,-гуфт ҳамсуҳбатамон.

 

 

Июль 8, 2018 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?