Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи «Power China»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин чанде қабл созишнома оид ба сохтмони 3 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, тибқи ин созишнома як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷои нишаст дар ноҳияи Данғара ва ду муассисаи таълимӣ барои 320-нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими ба имзорасии созишнома Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин ва намояндагони яке аз ширкатҳои азими давлатии Чин «Power China International Group Limited» ҳузур доштанд.
Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2007 ба роҳ монда шудааст, ки хеле назаррас мебошад. То имрӯз миёни ду кишвар як қатор санадҳо ба имзо расидаанд ва ҳамкорӣ дар ин самт вусъат меёбад. Аз ҷумла, ҳамкории дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Инчунин дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон марказҳои илмию фарҳангии «Конфутсий» фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои мардуми Чинро меомӯзанд. Ҳамзамон бо ибтикори марказ ҳар сол омӯзгорони зиёде аз донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ бо мақсади андӯхтани таҷрибаи пешқадам, ширкат дар семинар, конфронс, симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд.
Ҳоло дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин қариб 3000 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Зикр шуд, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ аз тарафи ширкатҳои чинӣ 7 мактаб ба истифода дода шуда, бо таҷҳизот таъмин шудаанд. Ин мактабҳо барои 640 нафар ҷойи нишаст омода намудаанд, ки дар маҷмӯъ 12000 ҷойи нишастро ташкил медиҳанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






