Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона баромаданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 июл ба таътили тобистона баромаданд. Таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон то 15 август идома ёфта, аз 16 то 30 сентябр онҳо дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон фаъолият менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, онҳо ба муҳлати панҷ сол тавассути овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки 29 июн Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни гузориш доир ба ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум дар назди вакилон зикр намуд, ки «натиҷаҳои аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаҳои Дастгоҳ пешниҳодгашта гувоҳи онанд, ки мо тавонистем дар самтҳои асосии фаъолиятамон- қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ корҳои муҳимеро ба нафъи давлату миллати хеш ба анҷом расонем».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






