ВКД ҶТ: се нафар аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 29 июли соли 2018, соати 15.30 дақиқа, велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар ҳангоми ҳаракат дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз тарафи ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум пахш гардида, ронандаи гунаҳгор аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Субҳи имрӯз, 30 июл аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ расид, ки се нафар аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуданд.
Аз ҷумла, дар хабар гуфта мешавад, ки аз рӯи нишондоди дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А., сокини шаҳри Душанбе, ду нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар ба алоқамандии ин гурӯҳ дастгир гардида, чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ идома дорад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






