12 август-Рӯзи байналмилалии ҷавонон. Имрӯз дар Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ба 8 ҳазору 856 нафар расидааст

Август 12, 2018 08:19

ДУШАНБЕ, 12.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 1999 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида, шурӯъ аз ҳамон вақт таҷлили ин ҷашн ба ҳукми анъана даромадааст. Дар  қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин рӯзро ҷашн мегирад. Зеро саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи ҷумҳурӣ хело назаррас арзёбӣ мегардад.

Имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос гардида, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардидааст.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолият  масъалаи ҷавонон дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифта, соли 1992 Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  ба тасвиб расидааст.

Инчунин дар заминаи қонуни мазкур Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020 чандин барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015 ва 2016 -2018 қабул гардида,  дар  ҳоли  амалишавӣ қарор доранд.

Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон алоҳида сухан гуфта, аз муассисаҳои дахлдор даъват менамоянд, ки  ба масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон диққати  ҷиддӣ диҳанд. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд.

Қайд кардан лозим аст, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ин аст, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд. Зеро имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат бар дӯши ҷавонон вогузор шудааст.

Ба иттилои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Боиси зикр аст, ки дар  солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҷавонон зиёд шуда, шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон ба  8 ҳазору 856 нафар расидааст.

Изҳори умед мекунем, ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз дастовардҳои илму техникаи муосир,  таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва таҳкими Истиқлолияти кишвар талош менамоянд.

Август 12, 2018 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд