Агентии обуҳавошиносӣ: тӯли 3 рӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат то 7 дараҷа паст мефарояд
ДУШАНБЕ, 21.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 23 август дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, ҳарорати рӯзона то 5-7 дараҷа паст мефарояд. Дар водиҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорат то 10 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол аз самти ғарб аз 15-20 то 25 метр дар як сония расида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бошад, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5+10 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. шамол аз самти ғарб 19-24 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +31 + 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +17 +22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона +19+21 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






