Ҳайати баландпояи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар намуд

Август 1, 2018 13:42

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди илмию  фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва  сафари  давлатии  қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 август ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик  таҳти роҳбарии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин ҳайат  шомил аст, иттилоъ медиҳад, ки  аҳли илму зиёи тоҷик дар доираи сафарашон ба Ӯзбекистон, ки то 4 август идома меёбад,  аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Ӯзбекистон, назири Самарқанд  боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги  ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳайати баландпояи аҳли зиё ва фарҳанги Тоҷикистон,  ҳамзамон раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд.

Август 1, 2018 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид