Анҷумани IV донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ҷавононро муттаҳид кард

Август 12, 2018 18:03

ДУШАНБЕ, 12.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11-12 августи соли равон дар шаҳри Турсунзода Анҷумани IV ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла  хабарнигори АМИТ «Ховар» иштирок намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, гурӯҳи меҳмонон ва донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи президентӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода бо самимияти беандоза, гулу гулдастаҳо ва савту таронаҳои диловезу дилнишин пешвоз гирифтанд.

Зимни ифтитоҳи Анҷумани IV ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Дилноза Аҳмадзода изҳор намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 39 муассисаҳои олии касбӣ бо фарогирии 190 ҳазор нафар донишҷӯён фаъолият доранд.

Бо  шарофати сиёсати сулҳпарвариву озодихоҳӣ ва ба роҳ мондани сиёсати дурусту оқилонаи муносибатҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар  беш аз 35 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидани чунин тадбир амали нек ва самарабахш буда, барои идома  ва ҷоннок намудани фаъолияти Маҳфили донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта имконияти хуберо фароҳам меорад.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҳамаҷонибаи насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба имзо расид, ки ҷиҳати иҷрои он дар шаҳри Турсунзода низ барномаҳои маҳаллӣ таҳия ва қабул гардиданд. То имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои тарбияи насли наврас як қатор корҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло таваҷҷуҳ ба кадрҳои ҷавон вусъат ёфта, як қатор вазифаҳои роҳбарикунанда бар дӯши онҳо вогузор карда шудаанд»,-  гуфт Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода.

Ба иловаи А. Вализода, айни замон дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 102 ҳазор ҷавонон истиқомат дошта, шумораи ҷавононе, ки тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои кишвар дохил шудаанд, ба 221 нафар расида, 112 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 221 нафар донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкарда 105 нафар мактабҳои олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни халқ кору фаъолият менамоянд. Сол  то сол сафи ҷоизадорони олимпиадаҳои фаннӣ дар Турсунзода зиёд гардида, шарафу обрӯи  ин шаҳр рӯз аз рӯз боло меравад.

Ба гуфтаи роҳбари Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта Бахтовари Диловар, аъзои маҳфил  дар соли 2018 зиёда аз 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ҳоло ин маҳфил дар 15 давлат аъзои худро дорад. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2017 то имрӯз маҳфил зиёда аз 15 ҷорабинӣ ва 5 онлайн-конференсияро баргузор намуда, бо аъзои маҳфил дар иртибот шудааст. Баргузории   IV – Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, ҷавононро ба ҳам оварда, заминаи мусоид барои ҳамкории зич фароҳам меорад.

Роҳбари   Ҷамъияти донишҷўёни Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Аминҷон Абдураҳимов иброз дошт, ки  бо дастгирӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни  «Мистер студенчество России» иштирок намуда, унвони баланди беҳтарин донишҷӯи хориҷи Россия-2016-ро дар байни 2 ҳазор донишҷӯ соҳиб  шудааст. Инчунин  соли 2017 донишҷӯи сол дар самти муносибатҳои байналмилалӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти донишҷўёни Тоҷикистон дар Федератсияи Россия соли 2011 дар шаҳри Санк Петербурги Россия аз қайди Вазорати адлия  гузашта, фаъолияташро оғоз намуд. Аз соли 2017 то имрӯз ҷамъияти мазкур дар ҳамаи самтҳо ба комёбиҳо ноил гардида, ному обрӯи Тоҷикистонро баланд мебардорад. Имрӯз Ҷамъияти донишҷўёни Тоҷикистон дар ҳудуди  Федератсияи Россия 20 намояндагии худро дошта, 500 нафар волонтёр ва зиёда аз 20 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷикро  ба ҳам муттаҳид мекунад.

IV Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо – ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад» бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ 2 марти соли 2014 таъсис ёфта, зиёда аз 3000 нафар аъзои фаъолро дар 15 кишвар, аз ҷумла Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Полша, Германия, Британияи Кабир, Нидерландия, Малайзия ва Озарбойҷон дорад.

Мақсад аз таъсис додани Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта-ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.

 

Август 12, 2018 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид