Қазияи Ҳамзаи хурдсол чашмфиребӣ барои пинҳон доштани амалиёти террористӣ буд?

Август 5, 2018 13:53

ДУШАНБЕ, 05.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ва модари ӯ Миҷгона Зайниддинова пас аз он ки соҳиби шиносномаҳои хориҷӣ шуданд, ба Ҷумҳурии Туркия сафар карданд.  Ин бори дигар собит намуд, ки мақомоти Тоҷикистон сафари онҳоро ҳеҷ гоҳ маҳдуд накарда, ҳатто хабар надоштанд, ки онҳо ба хориҷа сафар карданӣ ҳастанду шиносномаашонро гум кардаанд. Сафари бемамониати набера ва келини М. Кабирӣ ба Туркия ҳама он тӯҳмату иғвоҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардаи наҳзатиҳоро  ботил баровард.

Қаблан муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни нишасти матбуотӣ   изҳор карда буд, ки кӯдаки хурдсол Ҳамза Тиллозода гирифтори бемории табобатнашавандаи саратон дараҷаи 4 мебошад ва ба ӯ табобати таскинбахшӣ пешниҳод карда шудааст. Масъулони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Зафар Ҳусейнзода бо модари  Ҳамза Тиллозода дар ин мавзӯъ сӯҳбат карданд. Ҳарчанд наздикони Ҳамзаи хурдсол аз вазъи саломатии кӯдак огоҳанд, вале ин воқеиятро қабул кардан нахостанд. Албатта ин табиӣ аст, зеро ҳар як модари  тоҷик то охирин нафас барои табобати фарзанди азизаш талош меварзад ва то охирин имкониятро истифода набарад ҳеҷ гоҳ ором намегардад.

Маҳз ҳамин буд, ки мақомоти Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ, ба таври истисноӣ, новобаста аз он ки бобои ин кӯдаки хурдсол Муҳиддин Кабирӣ ва падараш Муҳаммад Тиллозода барои содир кардани ҷинояти вазнин: кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ-давлатӣ дар Тоҷикистон айбдор мешаванд ва дар кофтукоби байналхалқӣ, аз ҷумла дар руйхати Интерпол қарор доранд, ба Иброҳим Тиллозода ва Мижгона Зайниддинова шиносномаи хориҷӣ омода карданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар он сатҳе, ки М.Кабирӣ ва ҷонибдорони ӯ поён фаромадаанд, худро қарор намедиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои дастггир ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор аз усулу шеваи ноҷавонмардона, ки хоси танҳо наҳзатиҳо аст,  ҳеҷ гоҳ истифода накардааст ва намекунад. Бараъкс, ин наҳзатиҳоянд, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронаи худ ба ҳама гуна кори пасту разилона, аз қабили куштори одамони бегуноҳ даст мезананд ва амали террористӣ дар нисбати сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Ҳоло саволи посухталаб ин аст, ки пас аз ин қадар «флешмоб»-у имзоҷамъкуниҳо ва бечораҳолу нотавону «мазлум» нишон додани худ чаро касе аз «ғамхорон» ба пешвози Ҳамза ва модари ӯ ба фурудгоҳи Истанбул наомад? Аз аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, хулоса кардан мумкин аст, ки Ҳамзаи хурдсол ва гирифтори бемори шадидро касе дар Туркия пешвоз нагирифт. Куҷо шуданд он ҳама «ғамхорон»-и ин кӯдаки хурдсол?

Пас аз ин хулоса кардан душвор нест, ки ин ҳама маъракасозиҳо ҳадафи мушаххас доранд ва барои ҷалби таваҷҷуҳ равона карда шуда буданд. Роҳбари ҷиноятпешаву хиёнаткори ТТЭ ҳизби наҳзати исломӣ* ва ду — се нафар балегӯёну думравони ӯ бо истифода аз бемории тифли бегуноҳ кӯшиш карданд  дар ҷаҳон тоҷикон ва давлати тоҷиконро ба таври манфӣ намоиш диҳанд.

Ҳоло метавон фарзия пеш гузошт, ки замоне дар шабакаҳои иҷтимоӣ қазияи Ҳамза обуранги сиёсӣ дода мешуд, идоракунандагони ТТЭ наҳзат* ва ҳаммаслаконашон аз ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ»* амали мудҳиши террористиро дар ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ омода мекарданд. Барои аз ин ҷинояти гушношунид ва  дар назди таърих фаромӯшнашаванда огоҳ нашудани ҷомеа, М.Кабирӣ ва  ҳаммаслаконаш таваҷҷуҳро ба қазияи бофтаву сохтаи Ҳамзаи хурдсол ва бемор ҷалб карданд.

Ҳадафи амалиёти террористӣ қарор додани сайёҳон шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Швейтсария, Нидерландия, Франсия, макони содир кардани амали террористӣ интихоб намудани ноҳияи Данғара, ба ҷиноят ҷалб намудани ҷавонони 19-21-солаи бесавод ва бемаърифат ва дар ин замина пеш овардани қазияи тифли хурдсолро метавон занҷираҳои пайдарпайи тарҳрезишуда номид, ки пушти он хадамоти махсуси кишвари алоҳида ва ташкилоти террористии байналмилалии таҷрибадоштаи ҳизби наҳзати ислом* меистад.

Албатта, бо гузашти вақт, дер ё зуд, ҷинояти нобахшидании ТТЭ наҳзати исломӣ* нисбат ба сайёҳони хориҷӣ бо далелу бурҳони қотеъ исбот мешавад. Аммо барои пинҳон доштани ин ҷинояти мудҳиш истифода бурдани қазияи кӯдаки маъсумро на танҳо ҷомеа, ҳатто Худо намебахшад.

Тавре аз расонаҳои хабарӣ  бармеояд, Ҳамза ҳанӯз се сол қабл бемор шуда буд. Бобои модариаш изҳор кардааст, ки Ҳамзаву модарашро шавҳар ва хусураш — Кабириҳо аз хона бароварда, пеш карда буданд. Ҳадди ақал кабириҳо метавонистанд, ки аввали сол, вақте Ҳамзаро ҷарроҳӣ мекарданд, ба модари ӯ кӯмак расонанд ва ё ӯро аз ҷиҳати маънавӣ ва равонӣ  дастгирӣ кунанд. Вале ин корро накарданд, зеро  он замон Ҳамза ва модари ӯ ба кабириҳо даркор набуд. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки қазияи кӯдаки хурдсол барои кабириҳо моҳияти худро гум кард. Пешвоз нагирифтани Ҳамзаи хурдсол ва модари ӯ дар Истанбул далели гуфтаҳои боло аст.

Ба Ҳамзаи хурдсол, новобаста аз он ки набера ё фарзанди кӣ аст, шифои комилу оҷил мехоҳем, зеро ӯ кӯдак ва беолоиш аст.

 

Акрам САНГЗОДА,
шореҳи АМИТ «Ховар»

 

 

__________________________

* Мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 5, 2018 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд