Ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон китобҳои адибони тоҷику ӯзбек, ки дар Тоҷикистон нашр шудаанд, тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ,18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд маросими тақдими китобҳои адибони тоҷику ӯзбек ба китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ баргузор гардид.
Дар маросими тақдими китобҳо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, нависандагону шоирони ӯзбек, адабиётшиносон, тарҷумонҳо, ходимони адабии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Шамсуддин Орумбекзода зикр кард, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлати дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла робитаҳои фарҳангиву адабӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд.
«Тақдим намудани китобҳои дар Тоҷикистон нашршуда иқдоми аввалину охирин нест, минбаъд муносибатҳо миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон боз ҳам тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, баргузор намудани чорабиниҳои якҷояи адабию фарҳангӣ дар назар дошта шудааст, — гуфт директори китобхонаи миллии Ӯзбекистон Алишер Абдуазизов.

Дар қатори китобҳои ба китобхонаи миллии Ӯзбекистон тақдимгардида «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Гулчини ашъор»-и Мирзо Турсунзода бо се забон, «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин китоби ба забони ӯзбекӣ нашршуда таҳти унвони «Эмомали Раҳмон жасорати» ва китоби «Қуръони карим» ба забони тоҷикӣ шомил буданд.
Шумораи умумии китобҳои тақдимшуда зиёда аз 300 нусхаро ташкил доданд.
Акрам САНГЗОДА,
ш.Тошкант








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






