Бозиҳои Осиё-2018: Қаиқронҳои тоҷик ҷиҳати омодагӣ ба ин бозиҳо дар Искандаркӯл ба тамрин машғуланд

Август 7, 2018 08:12

ДУШАНБЕ, 07.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар  Бозиҳои Осиё — 2018,  ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, иштирок  менамояд.

Дар ин бора  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд. Ба иттилои манбаъ, мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Палембанг аз рӯи 9 қувваозмоӣ миёни мардон ва 8 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик  дар 6 қувваозмоӣ миёни мардон ширкат мекунанд.

Бояд зикр кард, ки дар мусобиқаи мазкур  варзишгарон Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоҳирҷон Набиев, Саидаҳтамхон Назиров,  Абдусаттор Ғафуров,  Мустафо Даминов иштирок мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2018 дар Искандаркӯл ба ҷамъомади тамринии 21-рӯза фаро гирифта шуданд. Алҳол дар шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ба тамрин машғуланд.

 

Август 7, 2018 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд