БОЗИҲОИ ОСИЁ-2018: дастаҳои мунтахаби Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ пешсафи ҷадвал мебошанд

Август 29, 2018 15:43

ДУШАНБЕ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз сипарӣ шудани 11 рӯзи Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ ҳанӯз ҳам дастаҳои мунтахаби  Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ пешсафи ҷадвал мебошанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар Бозиҳои тобистонаи  Осиё-2018, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дастаи  мунтахаби Чин бо касби 213 медал (100 тилло, 65 нуқра ва 48 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст.

Дастаи мунтахаби Япония бо касби 151 медал (47-42-62) дар мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби  Кореяи Ҷанубӣ бо касби 121 медал (33-40-48) дар мақоми сеюм қарор доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 танҳо як медал аз намуди гурзпартоӣ дорад. Ягона нишони мазкурро қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ба хазинаи дастовардҳои кишвар ворид сохтааст. Ин натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба зинаи 32-юм баровардааст.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 инҷониб бори ҳафтум ширкат доранд. Дар маҷмӯъ дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 медал (4 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст овардааст. Се медали тиллоро варзишгари маъруфи  тоҷик Дилшод Назаров ба даст оварда, як медали дигари тилло ба муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

 

 

Август 29, 2018 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд