Дар Бонки миллӣ рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳониро муҳокима карданд

Август 15, 2018 11:05

ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати байналмилалии «Mastercard» барои намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар мавзӯи «Рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт»  мизи мудавварро баргузор намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ  хабар доданд, ҳамоишро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур ин шинос намудани намояндагони мақомоти давлатӣ ва мутахассисиони Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоюли муосири ҷаҳонӣ дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири пардохти электронӣ ва таъмини амнияти амалиётҳои ғайринақдӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ширкати «Mastercard» яке аз низомҳои пардохтии бонуфуз буда, дорои таҷрибаи ғанӣ дар самти татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ мебошад.

Инчунин дар ҷамъомад, намояндагони Ширкати байналмилалии «Mastercard» Игор Степанов, Антон Бороздин ва Евгений Балезин бо рӯнамоиҳо дар мавзӯъҳои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ дар ин самт, татбиқи хизматрасониҳои инноватсионӣ, Smart cities – консепсияи шаҳри оқил, барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, амнияти амалиётҳо бо кортҳои пардохтӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба таҷрибаи Ширкати байналмилалии «Mastercard» дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

 

Август 15, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд