Дар Душанбе муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, семинари мазкур аз ҷониби Вазорат дар якҷоягӣ бо Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд.
Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод зимни ифтитоҳи семинар гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон даври 2-юми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли омро гузаронид ва айни ҳол дар ин самт корҳо идома доранд».
Нномбурда илова намуд, ки даври 1-уми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дар Тоҷикистон соли 2008 аз ҷониби коршиносони байналимиллалӣ амалӣ гардид.
Зикр шуд, ки низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷузъи муҳими сиёсати давлатии мубориза бо терроризм, ҷинояткорӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом буда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Директори Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Файзулло Файзуллозода зикр намуд, ки ба вуқӯъ омадани низоъҳои мусалаҳона дар Шарқи Наздик, пайдо шудани ба ном «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) боиси ривоҷи терроризм гардидааст.
«Оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бе таъсир намондааст. Воқеаи рӯзҳои охир дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ бори дигар номатлуб будани зуҳуроти зикргардидаро таҷассум менамояд»,-илова намуд номбурда.
Бо мақсади шиносоии иштирокдорон бо вазъи кунунии оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи терроризм ва экстремизм, ки ба масъалаи глобалии ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст, аз ҷониби масъулин навори видеоӣ дар мавзӯи муқовимат бо терроризм ва экстремизми хушунатомез пешкаш гардид.
Ёдовар мешавем, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳанг намудани иқдому талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ин соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2013 ташкил карда шудааст.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






