Дар шаҳри Душанбе дастрасӣ ба иттилооти судиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ. 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» — таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза, ки 9 август оғоз гардида буд, ба анҷом расид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар семинари мазкур намояндагони дастгоҳи марказии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони судҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи он ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Семинарро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон — Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ташкил карда, иштирокдорони он давоми ду рӯз ( 9 ва 10 август) оид ба табодули таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории судҳо ва ВАО, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судҳо ва ахбори омма маълумот гирифта, байни ҳам табодули назар намуданд.
Бояд гуфт, ки семинар дар доираи лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи барномаи семинари имрӯза, ки бо иштироки коршинос аз Федератсияи Россия, Директори минтақавии ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи рӯзноманигорони судӣ» Сергей Чижков баргузор гардид, масъалаҳои дастрасӣ ба иттилооти судӣ ва паҳн намудани он тариқи воситаҳои ахбори омма баррасӣ карда шуд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






