Дар Тоҷикистон аввалин корхонаи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои кӯдакона бунёд мегардад
ХУҶАНД, 30.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи эълони 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди иншооти гуногун босуръат идома дорад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба ташкили коргоҳҳои машғул бо маҳсулоти воридотивазкунанда ва дар ин замина зиёд кардани истеҳсоли чунин намуд маҳсулот дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сохтмони боз як коргоҳи нави истеҳсолӣ–ҶСК «Корхонаи механиконидашудаи сайёр», ки ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва дучархаҳо нигаронида шудааст, бомаром идома дорад.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар минтақаи Суғд, то имрӯз аксари корҳои сохтмонӣ дар корхона ба итмом расонида шуда, рангу бори биноҳо, ободонии муҳити атроф ва васлу насби таҷҳизоти нав босуръат ҷараён доранд. Тамоми дастгоҳҳои корхона, ки он аз панҷ коргоҳ иборат аст, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, алъон якчанд хатҳои истеҳсолӣ насб карда шудааст.
Тибқи маълумоти масъулини корхона, баъд аз мавриди баҳрбарадорӣ қарор гирифтани он дар марҳилаи аввали фаъолият истеҳсоли 10-15 намуд маҳсулот ба нақша гирифта шуда, минбаъд шумораи он то ба 50 намуд расонида мешавад. Ҳамзамон шумораи коргарон низ марҳила ба марҳила то ба 50 нафар хоҳад расид.
Мавриди зикр аст, ки маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда воридотивазкунанда буда, он дар миқёси кишвар аввалин корхонае маҳсуб меёбад, ки дар он дучарха ва бозичаҳои гуногун барои кӯдакон истеҳсол мегардад.
Дар назар аст, ки дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ маҳсулоти тайёр ба мамлакатҳои ҳамсоякишвар содир карда шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






