Давлатхӯҷа Назиров: «Ба ДИИШ* байъат кардани террористон баёнгари узви ТТЭ ҲНИ* набуданашон нест»
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯзи охир расонаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ дар атрофи амали террористии аъзои ТТЭ ҲНИ*, ки боиси куштори чор нафар сайёҳи хориҷӣ гардид, хабару маълумот нашр мекунанд. Дар ин росто, баъзе расонаҳои манфиатҷӯ ва ба ном коршиносони иғвоангез кӯшиш менамоянд, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ*-ро дар ин ҷинояти ваҳшиёна зери суол баранд. Собиқадори мақомоти амниятии кишвар Давлатхӯҷа НАЗИРОВ дар мусоҳибае бо хабарнигори «Имрӯз NEWS» Довуд ИСМАТӢ баъзе паҳлуҳои пурасрори ин қазияро шарҳ додааст. Матни ин мусоҳиба дар зер оварда мешавад.
— Устоди муҳтарам, Шумо собиқадори мақомоти амнияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастед. Аз нисф бештари умри бобаракати хешро дар пайи таъмини амнияти мардуми диёр ва Ватани азизамон сарф кардаед. Нахуст инро пурсиданиям, ки назари Шумо нисбат ба ҳодисаи нанговари рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рухдода чист?
— Ҳодисае, ки ин ҷо дар борааш мегӯем, барои миллати куҳанбунёду меҳмондӯсти тоҷик бисёр нангин аст. Алалхусус, дар ҳоле ки мо соли ҷориро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаем, ин куштори ваҳшиёна бидуни шубҳа, таъсири манфии хешро мерасонад.
Ҳоло муҳим ин аст, ки ҳама ҷаҳониён медонанду тасдиқ мекунанд, ки террорист ватану миллат ва қавму нажод надорад. Ӯ ҳама ҷо бар зидди башарият сар мебарораду хуни одамони бегуноҳро мерезад. Террористоне ҳам, ки дар Данғара сайёҳони хориҷиро аввал бо автомашина пахш кардаву сипас бо таври ваҳшиёна ба қатл расониданд, ҷузъи ҳамон ҳайвонсифатоне мебошанд, ки дар бораашон гуфтем.
— Оё аз нигоҳи қонунгузорӣ ҳамчун акти террористӣ баҳогузорӣ кардани ин ҳодиса дуруст аст?
— Худи мафҳуми «терроризм» маънии даҳшатафканӣ, тарс додани одамон, атрофиён, сокинон ва умуман ҷомеаю давлатро дорад. Агар мо аз ҳошияи назариявӣ ба ин падидаи манфур назар кунем, ҷинояткороне, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ амали зӯроварию қотилонаро пеш гирифтанд, нақшаҳои мушаххаси зеринро пайгирӣ мекарданд:
-аз эътидол баровардани вазъият дар ҷумҳурӣ ва то дараҷае ба вуҷуд овардани фазои нобоварии абарқудратҳо дар муносибат бо кишвари мо;
-коҳиш додани раванди рӯ ба афзоишниҳодаи туризм дар Ватани мо ва бо ин васила расонидани зиёни иқтисодӣ ба ҷумҳурӣ.
Тавре маълум гардид, ин ҷиноятро касоне содир кардаанд, ки узви ташкилоти расман террористӣ эълону эътирофшуда ҳастанд, ҳадафҳои мушаххас доранд, дастурҳои мушаххас гирифтаанд. Аз ин рӯ, ин ҷинояти даҳшатнок аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба таври объективӣ ҳамчун «амали террористӣ» тафсир шудааст.
— Чанд рӯзи охир дар сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе дар гардиш аст, ки қотилони сайёҳони хориҷӣ ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»* байъат кардаанд ва ин амали террористиро бо супориши саркардагони худ аз ин ташкилот анҷом додаанд. Аз дидгоҳи Шумо, оё ин метавонад воқеият дошта бошад?
— Навори мазкур ҳеҷ вақт исботи дурусти масъала нест. Ман ба яке аз расонаҳо гуфта будам ва такрор мекунам, ки миёни «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия шикаста шуд. Ин гуруҳи террористӣ, агар аъзои зиндамонда ва парокандашудаи онро ба инобат нагирем, чун созмони муташаккилу идорашаванда дигар вуҷуд надорад. Ин ки террористон дар Данғара аз технологияи пайравони ин гуруҳ дар Аврупо кор гирифтанд (ба хотир биёред амали террористиро дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар соли 2016, ки боиси марги 86 нафар ва маҷруҳ гаштани 308 нафар гардид), нишонаи он нест, ки онҳо ҳатман ба ин гуруҳи террористӣ тааллуқ доранд. Ё зери байрақи ин гуруҳи террористӣ навор бардоштану чанд ҳарфи дурӯғеро ба забон овардани террористонро наметавон ҳамчун далели сад дар сади шомил будани онҳо ба ДИИШ* пазируфт.
Аз як тараф бо истифода аз имконоти техникаи муосир сохтани чунин навор мушкил нест. Аз ҷониби дигар, имрӯз дар ҳамаи кишварҳои олам амалҳои террористӣ рух медиҳанд. Онҳоро гуруҳҳои гуногун анҷом дода, худро пушти парда мезананду амалашонро ба гардани ДИИШ* ҳавола мекунанд. Боқимондаҳои ДИИШ* бошанд, барои он ки ҳоло ҳам мавҷуд будани худро бо ҳар воситае нишон диҳанд, ҳар як амали террористиро кори дасти худ эълон мекунанд. Яъне, аз ин ҳолат ҳарду ҷониб манфиатдор мешавад – ҳам ДИИШ*, ки ба ин васила «қудрат»-и худро намоиш медиҳад, ҳам гуруҳҳои пасипардагиву парокандаи террористӣ, ки аз ошкор шуданашон ҳарос доранд. Яъне, ин як навъ манёвр аст.
Барои банда, ки ҳамчун олим бевосита ба омӯзиши масъалаи мавриди баррасӣ машғул мебошам, дақиқан маълум аст, ки ДИИШ* бо ташкилотҳои зиёди террористӣ-экстремистӣ, аз қабили «Ҳаракати Толибон»*, «Таҳрики Толибони Покистон»*, «ал-Қойида»*, «Боко Ҳарам»* ва даҳҳои дигар дар иртибот буда, ҳамеша амалҳои террористии анҷомдодаи онҳоро бар дӯши худ мегирад, то аз як ҷониб имиҷи нобудшудаи худро барқарор созад ва аз тарафи дигар, майдонро барои густариш додани чунин амалҳои ваҳшиёна аз ҷониби ташкилотҳои террористии шарикаш васеътар намояд. Аз ин лиҳоз, боэътимод метавон ҳадс зад, ки ТТЭ ҲНИ* низ бо «Давлати исломӣ»* алоқамандӣ дорад ва ба уҳда гирифтани ин амали террористӣ натиҷаи созиш байни онҳост.
— Устоди муҳтарам, ин нукта барои ҳар нафаре, ки ба мавзӯъ таваҷҷуҳ дорад, ҷолиб аст. Мехостем ҳамин қисмати масъаларо равшантар шарҳ диҳед…
— Бубинед, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ баъди таҳқиқи қазия хеле равшан, бо далелҳои раднопазир эълон доштанд, ки сарварии ин гуруҳро Ҳусейн Абдусамадов ба уҳда дошт. Вай чандин маротиба таълими идеологӣ, ҳарбӣ-террористиро дар таълимгоҳҳои низомии ҶИЭ гирифта, ин амали террористиро бо супориши бевоситаи узви фаъоли ҲНИ* Носирхӯҷа Убайдов ташкил ва амалӣ намудааст. Маълум шуд, ки худи Ҳ. Абдусамадов ва бародараш узви ин ташкилоти террористӣ будаанд. Албатта, ҲНИ* ва муассисони хориҷии ин ташкилоти террористӣ бо ҳар роҳе талош хоҳанд кард, ки ин далелҳоро инкор намоянд, вале бовар кунед, ҳамчун корманди собиқадор ба Шумо мегӯям, ки чунин изҳорот дар ҷойи хушку холӣ пайдо намешавад. Агар факт набошад, ҳеҷ як мақоми масъул рӯирост касе, гуруҳе, ё кишвари дигареро гунаҳгор намекунад.
Мехостам боз як нуктаи дигареро илова созам, ки вақте аз кишваре ном гирифта мешавад, манзур хадамоти махсуси он мебошанд, ки дар ин ҳодисаву қазияҳо даст доштаанд. Ва табиист, ки мардуми оддии он кишвар, ниҳодҳои масъули шаҳрвандиаш аз ин бозиҳо умуман хабар надоранд ва то ҷое бовар ҳам намекунанд.
— Шумо ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар робита бо ин ҳодиса чӣ баҳо медиҳед?
— Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар як кишвар барномаҳои мушаххаси мубориза бо терроризмро доранд, аммо кафолати ҳимояи пурраи ҷомеаро аз ҳамлаҳои террористӣ ягон мақоми махсус дода наметавонад. Бубинед, дар чанд соли охир дар Аврупо, ИМА, Русия ва дигар кишварҳое, ки бо технологияи муосиртарин муҷаҳҳазанд, амалҳои даҳшатноки террористӣ рух доданд. Акти террористие, ки дар чанд соли охир аввалин бор дар ҷумҳурии мо рӯй дод, ҳаргиз нишонаи заифӣ дар фаъолияти мақомот нест. Баръакс, онҳо дар кӯтоҳтарин муддат тавонистанд, ки террористонро ошкор, дастгир ё несту нобуд намоянд.
Аз ҷониби дигар, аз ин ҳодиса метавон хулосаи дуруст бароварда, роҳҳои муосири тақвият бахшидани муборизаро бо терроризм пайдо кард, то ба такрори чунин ҳодисаҳо роҳ дода нашавад.
— Ба андешаи Шумо, киро метавон дар рафтани ҷавонон ба чунин роҳҳои ғалат ва даст задани онҳо дар ҷиноятҳои даҳшатноки зиддибашарӣ муҷрим шуморид?
— Ба андешаи банда, пеш аз ҳама волидайн, хоҳару бародар, хешу табор, устодон, ҳамсоя ва дӯсту шиносҳои онҳоро.
Тавре аён шуд, ин ҷавононро тавассути телефону интернет раҳгум сохтаанд, ба ҳайси террорист ҷалб кардаанд ва ба ин кирдори мудҳишу манфур раҳнамун сохтаанд. Имрӯз агар телефони ҳар як фарди ҷавонро мақомот мавриди санҷиш қарор диҳад, доду вовайлоҳо то фалак мепечад: «нақзи ҳуқуқ, демократия, озодиҳо ва ғайра». Аммо чаро шахсоне, ки дар боло зикр кардам, боре ба телефони фарзанду пайванди худ таваҷҷуҳ накарданд? Чаро ба алоқаҳои онҳо диққат надодаанд? Оқибаташ чист? Умри аздастрафтаи чанд бегуноҳ, меҳмоне, ки барои тоҷик арҷу иззаташ аз ҳама муқаддасот болотар меистад, зарба бар имиҷи байналмилалии кишвар ва бадбахт шудани чандин хонавода.
Ин хулосаи ман аст.
_______________________
*Мамнӯъ дар Тоҷикистон