Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносӣ: «Дар фарҳанги миллати тоҷик ва дар муқаррароти динию мазҳабии он ба меҳмон арҷ ва эҳтиром гузоштан дар ҷойи аввал буд ва мемонад»

Август 1, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе» дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Ин амали ноҷавонмардонаи гурӯҳи хоинони ватан нисбат ба сайёҳони хориҷӣ, ки боиси марги фоҷиавии 4 нафари онҳо – 2 америкоӣ, як ҳолландӣ ва як швейтсаригӣ гаридид, тайи чанд рӯзи охир аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа шадидан маҳкум мегардад. Дар робита ба ин қазия андешаҳои Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДАро, ки дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, манзури хонандагон мегардонем.

Ҳодисаи мудҳиш ва нангине, ки рӯзи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба амал омад, амали қаблан тарҳрезишудаи террористӣ мебошад. Зеро ин ҳодиса ба бисёр амалиёти террористие, ки дар мамлакатҳои гуногуни Осиё ва Аврупои Ғарбӣ рух медоданд, то андозае монандӣ дорад. Бояд гуфт, ки дар фарҳанги миллати тоҷик, инчунин дар муқаррароти динию мазҳабии он ба меҳмон арҷ ва эҳтиром гузоштан дар ҷойи аввал буд ва мемонад. Инчунин дар байни мардум тоҷик таъбире ҳаст, ки «меҳмон атои Худо аст».

Душманони миллати тоҷик бо роҳи ба амал баровардани ин ҳодисаи нангин ва мадҳиш ба муқобили рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зарба ва садамаи сахт ворид намуданд. Вале бояд ин душманон бидонанд, ки  миллати бофарҳанги тоҷик ва халқи заҳматкашу меҳмоннавози он зери парчами Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои асосии дар назди Ҳукумати мамлакат гузошташуда  бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд ва хоҳанд  рафт. Ҳеҷ гуна амалиёти ноҷавонмардона садди роҳи рушди устувор ва раванди ободониву созандагиро дар мамлакати мо гашта наметавонад.

Бояд гуфт, ки баъд аз тору мор кардани созмони террористии ДИИШ (мамнуъ дар Тоҷикистон) масъалаи паҳн гардидани намояндагон ва ҷангиёну муҷоҳидони гуногуне, ки дар сафи ин созмони террористӣ шомил буданд, як хусусияти буҳронӣ касб намуд. Агар қабл аз тору мор кардани ҷойи будубоши ин созмони террористӣ ҳамаи мамлакатҳои олам медонистанд, ки як гурӯҳи авбошон ва муҷоҳидини хунхор дар ҳудуди давлатҳои Ироқ ва Сурия ҷамъ омада буданд, акнун баъд аз тору мор гардидани ин созмони террористӣ муайян намудани ҷойгоҳи будубош ва маконҳои парокандашавии онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр мушкилоти бузургеро ба пеш намеовард.

Имрӯз ниҳодҳои амниятӣ ва қудратии кишварҳои Аврупо, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳатто ниҳодҳои амниятии ИМА дар бораи ҷойгузин шудани муҷоҳидин ва ҷангиёни алоҳидаи ин созмон дар нуктаҳои гуногуни доғ ва ҳатто дар қаламрави кишварҳое, ки дар онҷо сулҳу субот ва оромӣ ҳукмрон аст, сухан мегӯянд.

Ҳодисаи мудҳише, ки дар тобистони тафсон дар қаламрави Тоҷикистон ба амал омад, моро ба он далолат мекунад, ки бояд дар масъалаи таъмин намудани амнияти мамлакат, пойдории сулҳу субот ва тинҷию оромӣ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро як лаҳза ҳам аз даст надиҳем. Зеро хатари асосие, ки ба қаламрави мамлакати мо таҳдид менамояд ин ҳамоно ҳамсарҳад буданамон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, ки вазъияти кунунии он ба ҳамагон маълум аст.

Тавре расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ хабар доданд, як теъдоди муайяни ҷангиёни созмони террористӣ маҷбур шуданд, ки баъд аз тору мор шудани ҷойи будубоши созмони террористии ДИИШ (мамнуъ дар Тоҷикистон) бо роҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ аз қаламрави Сурия ва Ироқ тавассусути ҳудуди кишварҳои Ироқу Эрон ба қисмати шимолии Афғонистон интиқол ёбанд.

Албатта ҳузури ин гуна унсурҳои ифротӣ ва ҷангӣ, умуман унсурҳое, ки онҳо ҳангоми будубоши худ дар қаламрави кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ҳамчун ҷангиёни хунхору одамкуш истифода шудаанд, ба амният ва тинҷию оромии кишвари мо бетаъсир буда наметавонад.

Мо умед дорем ва мутмаинем, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми чорабиниҳои заруриро дар масъалаи ошкор намудани тамоми омилҳое, ки барои содир шудани ин ҳодисаи нангин даст доштанд, анҷом медиҳанд ва чеҳраи воқеии ташкилкунандагони ин амалиёти қаблан тарҳрезишударо ошкор намуданд ва менамоянд.  Кишвари мо барои пешгиӣ намудани ин гуна ҳодисаҳои нангин тамоми чораҳои заруриро андешидааст ва онро мустаҳкамтар мегардонад. Тамоми он орзую ниятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта буданд, тамоми чорабиниҳо анҷоми мантиқии худро меёбад ва нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муҳими сайёҳӣ мавқеи устувори худро дар харитаи сиёсии сайёҳии ҷаҳон устувор менамояд.

Яке аз нерӯҳое, ки пешрафт ва дастовардҳои миллии моро дар марҳилаи кунунӣ нодида мегиранд, барои ҳамаи мо маълум аст, ки инҳо худ пайравон ва ҳаводорони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнуъ дар Тоҷикистон) мебошад. Аз тарафи онҳо тамоми унсурҳо ва омилҳои разманда ва норозие, ки дар мамлакат ба амал меоянд, аслан дар пайи ҳамкории аъзо ва ҳаводорони ТТЭ ҲНИ ҳастанд, ки албатта онҳо боз сарпарастони хориҷии худро доранд.

Воқеияти асосӣ аз он иборат аст, ки як гурӯҳи тундрави норозие мавҷуд аст ва дастоварду пешрафтҳои фарогир ва ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳилаи кунунӣ дида наметавонад. Мо тариқи дуруст баҳогузузорӣ намудан рафтори номатлуби онҳоро маҳкум менамоем, то барои ин гуна унсурҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ҷойгоҳе боқӣ намонад.

Аз нигоҳи дини мубини Ислом озор додани ҳар он чизе, ки ҷони зинда дорад, хоҳ одам, хоҳ ҳайвон ва ҳатто дарахти сабзи зиндаро буридан гуноҳи бузург аст.

Дар ҳадиси пайғамбари Ислом (с) омадааст: «Вақте, ки як шахс мехоҳад шахси дигарро ба қатл расонад, қотил ва мақтул( қатлкунанда ва қатлшуда) ҳардуи онҳо аз рӯи ҳукми дини мубини Ислом сазовори даромадан ба дӯзах ҳастанд, зеро ҳар яке аз онҳо бо нияте берун омад, ки якдигарро бикӯшад».

Дуюм мавқеъ аз он иборат аст, ки дар ҳадиси қудсии пайғамбари Ислом (с) омадааст: «Вақте, ки шахсе нияти  куштани шахси  дигарро мекунад,  аршу курсии Худои муттаъол ба ларза меояд ва Худо бо итоб хитоб мекунад, ки «бандаи ман дар кори ман дастдарозӣ кард» яъне зинда гардонидану миронидан қудрати бешакку шубҳаи Офаридгори ин дунё мебошад.

Далолати дигар ояти 32 сураи «ал- Моида»  омадааст: «Шахсе, ки як одамро мекушад баробари он аст, ки гӯё тамоми оламро куштааст» ва «Шахсе, ки як инсонро зинда дошта, наҷот диҳад, ҳамчуноне, ки тамоми мардуми дунёро  ҳаёт бахшида, наҷот додааст».

Хулоса, он нафароне, ки ба ҳодисаи мазкур даст доштанд, аз нигоҳи дини мубини Ислом аз даргоҳи илоҳӣ рондашудагон мебошанд.

Август 1, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?