«ГУЛИ САФЕДИ ТОБИСТОН». Дар Душанбе асарҳои рассоми ҷавон Маърифат Давлатова ба намоиш гузошта шуданд

Август 22, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ дар  шаҳри Душанбе намоиши асарҳои рассоми ҷавону умедбахш Маърифат Давлатова баргузор гардид.    

Дар намоишгоҳ маҳсули  ҳунари бонуи чирадаст  ба маъарази тамошо гузошта шуд. Бояд зикр кард, ки дар  офаридаҳои рассоми ҷавон ҳусну малоҳат ва латофату назокати зан таҷассум ёфтаанд, ки аз тахаюлоти бою рангин ва зебоипарастии рассоми ҷавон шаҳодат  медиҳад.

Беш аз бист расмҳои офаридаи Маърифат  Давлатова таҳти унвони  «Интизорӣ»,  «Нигоҳ», «Гули сафеди тобистон», «Зан аз водии Бартанг», «Зани тоҷик», «Ҳаёт», «Зани ветнамӣ» ва «Қадами охирин»  ба намоиш гузошта шуда буданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш пазируфта шуд.

Маърифат  Давлатова хатмкардаи  Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон  буда, маҳсули дастони ӯ борҳо дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

 

Август 22, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд