Гулнора Ҳасанзода: Моҳи октябр дар шаҳри Норак ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ гузаронида мешавад

Август 3, 2018 12:20

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  семоҳаи сеюми соли 2018  дар шаҳри Норак ва маҳаллаҳои 64- 91-и  шаҳри Душанбе барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ гузаронида мешавад. Имрӯз дар ин  бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иловаи номбурда, ҳоло  корҳои омодагӣ ба давраи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 идома дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи комиссияи давлатии мусоидат ва қоидаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»  ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба рӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2018» қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо қабул карда шудааст.

Корҳои  аввалиндараҷа  ва тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии омор дар  ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Норак  идома доранд.

«Ба маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ бештар нафароне ба ҳайси ҳисобчӣ  ҷалб карда мешаванд, ки одоби муоширатро риоя намуда, қобилияти кор бо аҳолиро дошта бошанд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳое, ки ба корҳои санҷишии барӯйхатгирии  аҳолӣ ва ё ин ки ба корҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб мешаванд дар муҳлатҳои муайян аз 1 то 2 моҳ аз ҷои кори аслиашон озод карда мешаванд»,-гуфт директори Агентии омор.

Шурӯъ аз оғози соли 2018 вобаста ба масъалаи барӯйхатгирии аҳолӣ зиёда аз 150 нафар кормандон тариқи шартномавӣ кор мекунанд ва дар назар аст, ки дар оянда шумораашон  зиёд карда шавад.

Август 3, 2018 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад