Имрӯз- Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо. Инсон 90 фоизи маълумоти атрофро бо чашм қабул мекунад

Август 8, 2018 11:52

ДУШАНБЕ, 08.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2004 ҳамасола 8 август чун Рӯзи умумиҷаҳонии офталмологҳо (духтурони чашм) ҷашн гирифта мешавад. Маҳз барои он санаи таҷлили ин рӯзро 8 — август интихоб намудаанд, ки дар ин рӯз ҷарроҳи  бемориҳои  чашм, профессор, академики Академияи илмҳои тиббӣ Руссия  Святослав Федоров ба дунё омадааст. Дар ин рӯз офталмологҳо бо таври ройгон беморонро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.  Офталмология соҳаи тибест, ки бо бемориҳои босира сарукор дорад. Чашм  яке аз узвҳои асосии   инсон ба ҳисоб меравад, ки бо он 90 фоизи маълумоти атрофро    қабул мекунад.  Ба ин хотир ҳар як инсон   бояд  дар як сол на камтар  аз ду — се маротиба аз назорати  офталмолог (духтури чашм) гузарад. 

Дар  робита ба ин мавзӯъ  мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА бо табиби дараҷаи олӣ, духтури бемориҳои чашми Маркази саломатии шаҳрии рақами 13 Дилбар МИРЗОЕВА ҳамсуҳбат гардид.

Дилбар Мирзоева собиқаи зиёда аз 31- солаи  корӣ дар ин ҷода дошта, алҳол ҳудуди хизматрасонии ӯ ба зиёда аз 53  ҳазор  нафар мерасад, ки аз ин шумора 13 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

«Сабабҳои аслии ба беморӣ гирифтор шудани чашми инсон модарзодӣ, никоҳи хешутаборӣ,  риоя накардани  гигиенаи босира,   инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ (компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ) мебошанд», — иброз дошт  Дилбар Мирзоева.

Номбурда  дар шарҳи ин масъала  зикр кард, ки «имрӯз мо  дар асри технологияҳои компютерӣ, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  умр ба сар мебарем, ки ин ҳама ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳоло гирифторони бемории чашм ниҳоят зиёд буда, аксарияти  беморонро кӯдакон ташкил медиҳанд.  Ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббӣ  дар байни хонандагон ва кӯдакони муассисаҳои томактабӣ,  бемории  наздикбинӣ,  дурбинӣ,  илтиҳоби мултаҳима  ва осеби чашм зиёдтар дида мешавад».

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин зикр намуд, ки баҳри бе ориза таваллуд шудани тифл, инчунин дар байни занҳои ҳомила низ  муоинаи  тиббии профилактикӣ  гузаронида мешавад.  Яке  аз сабабҳои нуқсонҳои модарзодии чашм  ба монанди бемориҳои оби марворид, бештар дар ҳолати никоҳи хешутаборӣ ба амал меояд. Аз ин рӯ,   мо мутахассиссон  соҳаи тиб бар зидди никоҳи хешутаборӣ буда, тарафдори онем, тифлакон солим ба дунё оянд.   Чунки  беҳуда нагуфтаанд:  «Аз модари солим тифли солим ва аз тифли солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд».

«Дар Маркази мо  ҳуҷраи бемории чашм бо  таҷҳизоти   муосири замонавӣ, ба монади афталмаскоп, биомикроскоп,  таномерт барои чен кардани фишори дарунии чашм ва оинаҳо барои карексияи  чашм  муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Мо ҳамчунин бо Маркази  ҷумҳуриявии клиникии   бемориҳои чашм, Маркази миллии «Шифобахш», Диспансери бемориҳои оби марворид ҳамкории зич дорем, ки дар ҳолатҳои вазнин будани бемор мо онҳоро ба ин марказҳо равон мекунем», — илова кард Д.Мирзоева.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин бо ворид шудани беҳтарин таҷҳизоти муосир,  амсоли визометрия, авторефкератометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, танометрия ва линзметрия кори табибон осон гардида, беморон метавонанд акнун на танҳо дар хориҷ аз кишвар, балки дар худи Тоҷикистон низ чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Август 8, 2018 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод