ИЗҲОРОТИ Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2018 20:00

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба АМИТ «Ховар» изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, ки дар зер матни пурраи онро пешниҳод менамоем.

Тавре ки қаблан хабар дода будем, 29 июли соли 2018 дар роҳи автомобилгарди Кўлоб-Душанбе дар натиҷаи ҳуҷуми шахсони номаълум 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Худи ҳамон рўз аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати фавран дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд ва корҳои фаврӣ-тафтишотӣ оғоз гардиданд.

Тафтишот муайян кард, ки ҷинояти мазкурро сокинони ноҳияи Панҷ- Абдусамадов Ҳусейн, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар ва сокинони шаҳри Норак- бародарон Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери пўшиши парчами «Давлати исломӣ» содир намудаанд.

Номбурдагон бо мақсади содир намудани куштори шаҳрвандони хориҷӣ 28 июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Восеъ гурўҳи сайёҳони бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракаткунандаро мушоҳида намуда, онҳоро зери назорати худ қарор додаанд.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа ҳангоми ба деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара расидани 6 нафар сайёҳони хориҷӣ ҷинояткорон онҳоро бо автомашина пахш карда, пас аз ин бо мақсади ба охир расонидани қасди худ бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷаи ин ҷинояти махсусан вазнин шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерланд (Голландия) Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва бо кўмаку дастгирии фаъолонаи аҳолии деҳоти Лоҳур ҷойи будубоши ҷинояткорон муайян гардида, шаби 29 ба 30 июли соли 2018 роҳбари ин дастаи ҷиноятӣ Абдусамадов Ҳусейн дастгир карда, 4 нафар ҷинояткорони дигар — Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар ҳангоми дастгиркунӣ бо сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд. Аз онҳо автомашинаи сабукрав ва олоти содир кардани ҷиноят дарёфт ва гирифта шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки гурўҳи ҷиноятӣ таҳти роҳбарии дастгиршуда Абдусамадов Ҳ. ин ҷинояти дахшатангезро бо супориши узви фаъоли собиқ ҳизби наҳзати ислом Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович содир кардааст.

Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки кирдори содиршуда амали террористӣ буда, бо мақсади ноором сохтани вазъият, ба вуҷуд овардани фазои тарсу ваҳм дар ҷомеа ва иснод овардан ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ содир карда шудааст.

Тавассути расонаҳои интернетӣ паҳн кардани навори қасамёдкунии ин дастаи ҷиноятӣ ба ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсади дур кардани гумон аз ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом, ки фармоишгари асосии амали террористии мазкур мебошад, ташкил карда шудааст.

Зимни тафтишот алоқаи ин гурўҳи террористӣ бо дигар шахсон низ муайян карда шуда, 10 нафар сокинони шаҳри Норак, аз ҷумла 2 нафар барои мусоидат ба маблағгузории роҳбари ин гурўҳ Абдусамадов Ҳусейн ва 8 нафари дигар барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба тайёрӣ ба содир намудани амали террористӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 августи соли 2018

Август 3, 2018 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт
Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд