Конференсияи Қоҳира: «Тухми ихвон ва наҳзатро дар сарзамини Мисру Тоҷикистон дахолатҳои хориҷӣ коштаанд»
ДУШАНБЕ, 04.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, 1-уми август дар шаҳри Қоҳира Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолиятҳои ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ* ва «Ихвон-ул-муслимин»* бо далелу бурҳон ва арқоми раднопазир зикр карда шуд. Мудири бахши байналмилалии АМИТ «Ховар» А. САНГЗОДА муҳтавои асосии маводҳои дар расонаҳои Миср вобаста ба ин конференсия чопшударо гирд овард, ки онро пешкаши хонандагон месозем.
Зимни баррасии мавзӯи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти Ихвон* ва ҲНИ*» коршиносон ба хулоса омаданд, ки дахолатҳои хориҷӣ сабаби асосии коштани тухми созмонҳои террористӣ гардида, натиҷаи рушду афзоиши он сабаби бар ҳам задани нооромию бетартибиҳо дар кишварҳои ҷаҳон мегардад. Миср ва Тоҷикистон намунаи ин гуфтаҳо ба шумор меравад. Дар он замоне ки Ихвониҳо дар оғуши ҳукумати бритониҳо рушд пайдо намуданд, ТТЭ ҲНИ* нерӯи хешро аз давлати эрониҳо пас аз инқилоби исломии Ҳумайнӣ ба даст овард.
Профессор Далоил Маҳмуд Саид, устоди илмҳои сиёсии факултети иқтисод ва илмҳои сиёсии донишгоҳи Қоҳираи Миср дар суханронии худ таъкид намуд, ки фосилаи байни Миср ва Тоҷикистон монеъи об хӯрдани идеологияи муштараки ТТЭ ҲНИ*-ро бо ихвониҳо аз як чашма манъ намекунад. Ҳар ду созмон бо ҳам шабоҳати зиёд дошта, ҳар дуи он аз фароғи сиёсии кишвар истифода намуда, вуҷуди худро бар ҷамъият таҳмил намуданд.
Далоил Маҳмуд Саид таъкид намуд, ки ин ду созмон идеологияи ҷиҳодии худро аз як чашма нӯшонида, дар зери сояи давлат қадам ба қадам нерӯ гирифта, ба риштаҳои муҳими давлатӣ ворид шуданд. Ин созмонҳо нақшаҳои худро дар асоси чор сутуни асосӣ амалӣ менамоянд: Идора, ҷиҳод, хилофат ва фаҳми васеъ.
Устоди забони форсии факултети адабиётшиносии донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ перомуни хоҷагони хориҷии асосии ТТЭ ҲНИ* таъкид намуд, ки Ҳизб аз ҷониби Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибонӣ меёбад. Теҳрон аз пешрафти технологии худ истифода намуда, бо созмонҳои гуногун бо вуҷуди ихтилофҳои идеологии онҳо забон як месозад. Дар амалисозии нақшаҳои худ аз марказҳои пажуҳишии давлатӣ ва хусусӣ истифода намуда, беҳтарин роҳҳои расидан ба ҳадафро интихоб мекунад. Аз ҷумла, Маркази тадқиқотии Осиёи Миёна ва Қафқоз аз зумраи чунин марказҳо ба шумор меравад. Маркази номбурда кишварҳоро ба чандин қитъаҳои географӣ тақсимбандӣ намуда, вуҷуди худро дар он ҳамчун «соҳибқарор» ва шарики стратегӣ баҳри барқарор намудани рушду суботи инҳо муаррифӣ менамояд. Теҳрон аз вазъияти вазнини иқтисодию сиёсию амниятии кишварҳо суистифода менамояд, ки ин ҳолат барои амалӣ сохтани нақшаҳои дар гузашта таҳрезишудаи он, шароити мусоид фароҳам меорад.
А. Сомӣ дар суханронии худ таъкид намуд, ки сиёсати динии пешгирифтаи низоми давлатдории Иттиҳоди Шӯравӣ вуруди Эронро барои пур намудани ин холигоҳ бисёр осон намуд. Таъкид намудан лозим аст, ки мардуми эронӣ ва тоҷик таъриху фарҳанг ва забони муштарак доранд. Ин гуфта худ як роҳи хуби наздикшавӣ мебошад. Теҳрон дар оғози амалисозии нақшаҳои хеш ба мардуми тоҷик наздик ва ҳаммонандии мазҳаби шиа ва сунниро талаққӣ менамуд, ки аз ин гуфтаҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ* қаноат пайдо намуда, зарурати қабули мазҳаби шиаро барои худ лозим донистанд. Зеро, «гӯё» тибқи гуфтаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ* мазҳаби шиа мазҳаби «ҳақ» мебошад. Бештари аъзоёни ТТЭ ҲНИ* ин рафтори худро бо гуфтаҳои роҳбари ҳизб М. Кабирӣ тақвият мебахшанд, ки дар он Кабирӣ фаъолияти ҳизбро ҷузъи фаъолиятҳои «Ҷунбиши байналмилалии бедории исломӣ» мепиндорад.
Хотиррасон менамоем, ки Алӣ Вилоятӣ, машваратчии динии пешвои маънавии Эрон Оятуллои Хумайнӣ роҳбарии ин Ҷунбишро ба ӯҳда гирифта, ҳадафи он барангехтани мусалмонҳо бар зидди давлатҳои ғайримусулмони олам арзёбӣ мегардад.
Рӯзноманигор ва пажуҳишгари соҳаи Осиёи Миёна Маҳмуд Саъд Даёёб таъкид намуд, ки ТТЭ ҲНИ* сабаби асосии аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то 1997 идома пайдо намуд, ба ҳисоб меравад. Ҷанге, ки ба иқтисоди кишвар 10 миллиард доллари ИМА зарари молиявӣ расонида, 150 ҳазор кушата ва як миллион гурезаву овора дигар аз худ боқӣ гузошт.
Ӯ илова намуд, ки ТТЭ ҲНИ* аз пайи идеологияи Сайид Қутб қадам ниҳода, бо ин амалаш аввалин тухмии «такфир ва ҷиҳоди мусаллаҳона»-ро коштааст. Онҳо бо идеологияи ихвониҳо аз роҳи донишҷӯёни мардуми араб ва мусалмон, ки барои таҳсил ба донишгоҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози солҳои ҳафтодум сафар мекарданд, шинос шуданд. Интишори ин ақида чандин марҳилаҳоро тай намуда, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро ба сари қудрат расонид. Дар асоси созишномаи «Кремл», сӣ дарсади мансабҳои идораҳои давлатӣ насиби ҳизб гардид. Пас аз он, Ҳизб қаноти ҳарбии худ, гурӯҳи «Ансоруллоҳ»*-ро таъсис дод. Гурӯҳи террористии «Ансоруллоҳ»* кумакҳои молиявию логистикии худро аз созмонҳои дигари террористӣ ба монанди ДОИШ*, Ал-қоида* ва Толибон* дастрас менамояд.
Аз ҷониби дигар, машваратчии ҳуқуқии Ҳизби Таҷаммӯъи мисрӣ, адвокат Маҳмуд Абдуллоҳ таъкид намуд, ки гурӯҳи ихвониҳо дар таъсиси ҷунбишҳои «Кифоя» ва «6 апрел» саҳм гузошта, дар мубориза ба зидди режими президенти собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак онҳоро истифода намуданд. Ин дар ҳолест, ки режими Ҳуснӣ Муборак дар қазияи мубориза бар зидди ихвониҳо сустӣ эҷод намуда, сабаби танишҳои зиёд дар байни сармоядорони кишвар гардид. Ва ин ҳолат барои соҳибкорони ихвонӣ фурсати расидан ба манфиатҳои сиёсию иқтисодиро фароҳам овард.
Адвокат Маҳмуд Абдулло, ки ташаббускори ҳукми бастани фаъолияти гурӯҳи ихвониҳо дар Миср ба ҳисоб меравад, ҷиноятҳои ихвониҳоро аз рӯзи таъсисаш «ваҳшиёна» тавсиф намуд. Тибқи гуфтаи М. Абдулло: «барои ихвониҳо шахси боқадру арҷманд вуҷуд надорад». Ӯ ишора намуд, ки соли 1948 баъд аз ошкор шудани анбори силоҳу захираҳо дар кӯчаи Муҳаммадалӣ, ки ба Ҳасан Бано таалуқ дошт, ба ҷони прокурор Аҳмад Хазандор суйиқасд анҷом дода шуд. Худи ҳамон сол, ба сабаби содир намудани ҳукми Додгоҳ оид ба бастани фаъолияти онҳо аз ҷониби раиси Ҳизби Вафд Муҳаммад Фаҳмӣ Ниқрошӣ ба ҷони ӯ низ сӯйиқасд анҷом дода шуд.
Дар навбати худ, собиқ директори бахши ахбори телевизиони Миср Иброҳим Сайёд зарурати ҳамоҳангии байни кишварҳои оламро дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм таъкид намуд. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ, то имрӯз механизми самаранок дар мубориза бар зидди терроризм роҳандозӣ нагардидааст. Бино ба ақидаи ӯ, мубориза бо терроризм танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ набуда, дар мақоми аввал масъалаи идеологӣ меистад. Ва то имрӯз пӯшишҳои расонаии масъалаи терроризм бо ҳамин равиш анҷом меёбанд. Мубориза бо терроризм масъалаи амнияти миллӣ маҳсуб гардида, мубориза бо «насли чорум»-и терроризм маҳорати махсусро талаб мекунад. Зеро бемаҳоратӣ дар соҳаи пӯшиши расонаӣ барои ҳодисаҳои террористӣ як вазъи ногуворро дар байн эҷод менамояд. Ва барои пешгирии чунин «вазъи ногувор» дурнамо ва нақшаи муҳаддад дар адои вазифаи кормандони ВАО дар мубориза бар зидди терроризм эҷод намудан зарур аст.
__________________________
* Мамнӯъ дар Тоҷикистон