Куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон муайян шуд: Хиёнати навбатии ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ таҳқиқ мешавад

Август 1, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 01.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба куштори сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли равон дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара содир карда шуд, шарҳи расмӣ пешниҳод намуд.

Мувофиқи шарҳи пешниҳодшуда амалиёти террористӣ бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс, узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир карда шудааст.

Ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович зимни пурсиш тасдиқ кардааст, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, амали террористиро бо супориши узви фаъоли Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Қорӣ-Носир иҷро карда шудааст. Онҳо пас аз содир намудани ҷиноят мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992  узви фаъоли ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Хотиррасон мешавем, ки санаи 29 июли соли 2018 соати 15-30 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Лиганза» дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе бо суръати баланд ба 6 нафар сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсария ва Нидерландия, ки ба воситаи дучархаҳои (велосипедҳои) худ аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Пас аз онҳоро зада аз по афтонидан 3 нафари ин ҷинояткорон аз автомашина берун баромада, бо мақсади куштан бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони ИМА Геогхеган Лаурен Анне Муноз ва Аустин Ҷей, Нидерландия Воке Рене Виллем ва Швейтсария Хамел Маркус дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар шаҳрвандони — Нидерландия Постма Ким Ирис ва Швейтсария Дименд Мари Клер дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

Тафтишоти амали террористӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида, ҳамаи ҷинояткорон дастгир карда шуданд.

Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо роҳи истифода аз яроқ кӯшиши содир кардани табадуллоти давлатиро анҷом дода, бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он расман манъ карда шудааст.

Август 1, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид