МД «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» сатҳи тиҷораткунонии хоҷагиҳои фермериро баланд мебардорад

Август 1, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи тиҷораткунонии  соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои  грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тайи солҳои охир таҳия гардидааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» баён гардид.

Зикр шуд, ки дар доираи  Лоиҳа дар якҷоягӣ  бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки  ширкатҳои коркардкунандаи ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии  «Gulfood», ки аз 18 то 22 феврали  соли равон дар Дубай баргузор гардида буд, таъмин карда шуд.

Бояд гуфт, ки «Gulfood» –намоишгоҳи калонтарин дар ҷаҳон оид ба маҳсулоти хӯрока мебошад, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор эспотентҳо ва 40 ҳазор муштариён аз 150 мамлакати ҷаҳони Ғарбу Шарқ ширкат меварзанд.

Ба иттилои муовини директори муассисаи мазкур Ҳусейн Каримов, маҳсулоти Тоҷикистон имсол бори аввал дар ин намоишгоҳ дар павилони махсус бо ороиши миллӣ, бо пешниҳоди меваи хушки корхонаҳои коркарди ватанӣ, аз қабили ширкатҳои «Ориёи Исфара», «Абрикос ва Компания», «Тоҷикпродакт» ва «Исфарафурд»  муаррифӣ карда шуд.

«Ҳамаи ин ширкатҳо асосан бо содироти меваҳои хушк ва тару тоза ба хориҷи мамлакат машғуланд. Мақсади асосии иштирок дар намоишгоҳи «Gulfood»  низ ин диверсификатсияи бозори содиротӣ ва баромадан ба бозорҳои Шарқи Наздик буд»,-илова намуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафҳои лоиҳа аз баланд бардоштани сатҳи тиҷораткунонии хоҷагиҳои  фермерӣ ва маҳсулоти агроистеҳсолӣ, дастгирии рушди корхонаҳои  хурд ва миёна дар сатҳи деҳот тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ  ва мустаҳакам кардани иқтидори манфиатгирандагони лоиҳа иборат аст.

Август 1, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд