«МИННАТДОРИИ ХУДРО БА ПРЕЗИДЕНТ ВА ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН МЕРАСОНЕМ…». Вокуниши Сафорати ШМА ба як хабари АМИТ «Ховар»

Август 1, 2018 17:13

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка рӯзи 30 июл дар сомонаи худ ба  як маводи  АМИТ «Ховар» истинод кардааст.

Дар он маводи мо дар бораи изҳори тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп бинобар рух додани куштори ваҳшиёнаи сайёҳони америкоӣ хабар дода мешуд.

Сафорат дар иртибот ба ин хабар ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ чунин навиштааст:

«Миннатдории самимии худро ба Президент Раҳмон ва халқи Тоҷикистон барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониён иброз менамоем. Ин бераҳмии ҳамлагаронро шадидан маҳкум намуда, хуб дарк менамоем, ки чунин амал аз меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии халқи тоҷик шаҳодат намедиҳад».

***

«We sincerely thank President Rahmon and the people of Tajikistan for their expressions of deep sympathy to the families of the victims. We strongly condemn the cruelty of the attackers and recognize that they in no way represent the kindness and hospitality of the Tajik people».

Баъди як рӯз, 31 июл, Сафорат дар саҳифаи худ дар «Facebook» чунин навиштаҳоро ба ду забон бо аксҳои зерин гузошт:

Дӯстон, аз суханони гарми Шумо нисбати қурбониёни ин ҳамлаи беасос ва хонаводаи онҳо мутаассир гаштем. Миннатдорем

***

Friends, we have been touched by your kind words and condolences to the victims and families of this senseless attack. Thank you.

Август 1, 2018 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон