Модарону ҷавонони шаҳри Норак амалҳои террористии дар ноҳияи Данғара рухдодаро маҳкум менамоянд
НОРАК, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Модарону ҷавонони шаҳри Норак фоҷеаи нангини ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз тарафи ҳампаймонону ҳамаслакони Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ сурат гирифт, маҳкум намуда, онро кирдори ваҳшиёнаву ноҷавонмардона ва разилона номиданд.
Яке аз модарони собиқадори шаҳри Норак Мамлакат Азимова иброз намуд, ки душманони миллати тоҷик ончунон андешаю нақшаҳои нопоки худро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мағзи ҷавонони мо ҷой мекунанд, ки аз онҳо ҳатто модар ва завҷаҳояшон ҳам огоҳ намегарданд. Мисоли ин гуфтаҳо ҷавонони фиребхӯрдаи шаҳри Норак Аслиддин ва Ҷаъфариддин Юсуповҳо, фарзандони Набодбегим Юсупова, ки бо супориши хоҷаҳои зархаридашон дар ин амалҳои нангину ваҳшиёна иштирок намуда ҳалок гардиданд, мебошад.
Мамлакат мегӯяд, вақте ба дидори модари онҳо Набодбегим рафтем, ӯ гуфт, ки «агар ман аз шомил гардидани фарзандонам ба ин ташкилоти ифротӣ бохабар мешудам, ҳатман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекардам. Ман розӣ будам, ки онҳо маҳбас шаванду дар чунин ҳодисаи нангин иштирок накунанд. Вале сад афсӯс, ки онҳоро ба таври пинҳонӣ террористон ба тарбия ва итоати худ дароварда, бо хоҳиши дилашон идора мекардияну мани наздиктарин кас барояшон аз ин ҳолат бехабар мондам».
Ин зани пуртаҷриба аз падару модарон хоҳиш намуд, ки ба тарзи истифодабарии телефонҳои мобилии фарзандонашон диққати махсус диҳанд, онҳоро ба таври ҷиддӣ назорат намоянд. Зеро имрӯзҳо ягона василаи тарғибу ташвиқи ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ телефони мобилӣ мебошад.
Фирдавс Ғафурзода, яке аз ҷавонони фаъоли шаҳри Норак зикр намуд, ки «мо, ҷавонони ин минтақа аз ин ҳодиса сахт андӯҳгин буда, ин амали ваҳшиёнаро маҳкум менамоем. Изҳори умед мекунем, ки ҳамаслакони ин гурӯҳҳои терористӣ дастгир ва дар назди қонун ҷавоб медиҳанд».
Ба андешаи номбурда, Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо ин кирдори ваҳшиёна зиндагии осудаи мардуми тоҷикро ноором кардан мехоҳад. Онҳо бо ин амали зишти худ бори дигар исбот намуданд, ки душмани ашадии тоҷику Тоҷикистонанд. Онҳо рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони моро нахоста, кӯшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила зарари худро ба мардуми шарафманди тоҷик расонанд.
«Мо, ҷавонон ин амали тарҳрезишудаи хоинони миллатро қатъиян маҳкум намуда, зери шиори — барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош намуда, барои ояндаи дурахшони ватани азизамон ҳамеша саҳмгузор ҳастем.
Бобои Абдумаҷиди 75 сола мегӯяд, ки дар давоми умраш дар зиндагӣ пастию баландии зиёдро дидааст. Аз ҷумла, вазнинтарини зиндагиро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардааст. «Барои дарёфти як пора нон соатҳо пиёда ба дигар минтақаҳо мерафтем. Сад шукри тинҷию осоиштагӣ, ки мардум аз нону дигар неъматҳо сер гардидаанд, бо ин ҷавононро чӣ намерасида бошад? Аз ҷавонон хоҳиш менамоям, ки бо меҳнати ҳалол нон ёфта хӯред ва ба гапи душманони миллат бовар накунеду оромии кишварро ҳифз намоед».









НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






